Дар ҷаҳон на фақат Амрикову Фаронсаву Руссияву Ҷопон, инчунин Туркия низ яке аз давлатҳои тараққикарда ба ҳисоб рафта, мавқеи намоёнеро ишғол мекунад. Вобаста ба урфу одату расму оин, зиндагӣ ва аҷибияташон, мо ҳоло Шуморо бо чанд факти ҷолибаш шинос мекунем.
Туркҳо бисёртар сигор мекашанд. Агар боре ба кӯчаҳои Туркия гузар намоед, Шумо дар ҳама ҷо пасмондаи сигорро мебинед. Ин боиси баланд гардидани нархи сигор гардидааст.
Истамбул – ягона шаҳр дар ҷаҳон, ки ҳам дар Осиё ва ҳам дар Аврупо ҷойгир аст. Ин шаҳр соли 667 пайдо шуда, бо бисёр хусусият аз дигар шаҳрҳо бартарӣ дорад. Аз солҳои аввал то ҳол пойтахти се империяи бузург – Империя Рим, Империяи Усмониён ва Империяи Визания будааст. Истамбул соли 2010 ба қатори беҳтарин шаҳрҳои фарҳангии ҷаҳон дохил шудааст.
Дар Туркия чойхонаҳо бениҳоят зиёданд. Мардуми турк вақти холии худро аксаран дар чойхона мегузаронанд. Ба ҳисоби миёна туркҳо дар як рӯз қариб то 10 пиёла чой менӯшанд.
Олу (олуболу) аввалин маротиба дар Туркия пайдо шуда, ба тамоми мамлакатҳои Осиёву Аврупо паҳн гардидааст. Дар мамлакатҳое, ки иқлимашон ба ин намуди мева мувофиқ аст, то ҳол аз ин парвариш мекунанду истифода мебаранд.
Дар тамоми тарабхонаҳои Туркия нон, чой ва об бепул аст.
Дар тамоми дорухонаҳои Туркия санҷидани фишори хун ройгон мебошад.
Кофе аввалин маротиба дар Туркия пайдо шудааст.
Дар ҷаҳон зиёда аз 90 млн нафар ба забони туркӣ муошират мекунанд.
Аввалин донишгоҳи ҷаҳон дар Туркия сохта шуда будааст.
Туркия дар истеҳсоли чормағз бениҳоят фаъол аст. Аз ин ҷост, ки қариб 70%-и чормағзҳои бозори ҷаҳонӣ аз Туркия содирот мешаванд.
Бисёриҳо Туркияро мамлакати сайёҳӣ ва истироҳатӣ ном мебаранд. Аз сайёҳӣ дида, дар Туркия маконҳои истироҳатӣ бештар аст. Сайёҳон бештар барои истироҳат ба ин ҷо ташриф меоранд. Дар ҳақиқат, ин минтақа ҳамчун мамлакати бехатар дар ҷаҳон унвон дорад ва аз ҷиҳати ташкили ҷойҳои истироҳатӣ низ хело фаъол мебошад.
Дар Туркия дини расмӣ вуҷуд надорад, аммо қисмати зиёдашон дини исломро парастиш мекунанд.
Боз кадом фактҳоро дар бораи ин кишвар медонед? Дар шарҳ нависед, то мову дигарон бохабар шавем.
Шумо ягон далеле доред оиди гуфтахои боло лутфан агар имкон мебуд бо далелхояш зикр мекардед боз хам хубтар мешуд . Пешаки сипос
Далелҳо дар сомонаҳои русӣ оварда шудаанд, Як назар андозед
Сипос барои таваҷҷуҳатон! Ҳатман аз ин пас риоя мекунем.
Чи гуна дар киноҳо вақте ки тамошо мекуни пули чой гуфта мепартоянд, ман нафаҳмидам