Сураи Қамар Ояти 28 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Камар Ояти 28 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Қамар Ояти 28

وَنَبِّئۡهُمۡ اَنَّ الۡمَآءَ قِسۡمَةٌ ۢ بَيۡنَهُمۡ‌ۚ كُلُّ شِرۡبٍ مُّحۡتَضَرٌ ٢٨

Ва наббиъҳум анна-л-маа қисматун байнаҳум куллу ширби-м муҳтаЗар. 28.

28. Ва онҳоро хабардор кун, ки албатта, байни онҳо об тақсим аст, ҳар яке ба ҳиссаи аз об ҳозир шавад.

Баъдан Худованд ба Солеҳ (а) фармуд, ки онҳоро хабардор кунад, ки албатта, об байни онҳо (яъне уштур ва қавм) тақсим аст. Як рӯз уштур оби диёрро менӯшад, як рӯз қавм. Баъзе бар инанд, ки он ноқа чун ба нӯшидани об ҳозир мешуд, дигар ҷонварон аз тарс мегурехтанд. Аллоҳ таъоло дар нӯшидани об навбатро муқаррар фармуда буд, ки бояд ҳар навбатдор дар навбати худ ҳозир шавад ва ҳамдигарро халал нарасонанд. Тибқи баъзе ривоёт он уштур бар ивази оби нӯшидааш ҳамон миқдор ба онҳо шир медод. Сарони қавм аз ин муъҷиза ва имон овардани баъзе аз ҳамқавмон бинобар одате, ки доштанд, дар таҳлука афтода, аз пайи куштани он кӯшиданд. Ҳол он ки Солеҳ (а) ба онҳо ҳушдор дода буд, ки мабодо ба уштур зиёне нарасад, вагарна бе восита азобе бар сарашон меояд. Аммо онҳо ба насиҳати Солеҳ (а) чандон эътибор надоданд, пас…


Рӯйхати оятҳои Сураи Қамар «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Қамар Ояти 27 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Қамар Ояти 29 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)