Тафсири Сураи Камар Ояти 27 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Қамар Ояти 27
اِنَّا مُرۡسِلُوا النَّاقَةِ فِتۡنَةً لَّهُمۡ فَارۡتَقِبۡهُمۡ وَاصۡطَبِرۡ ٢٧
Инна мурсилу-н нақати фитната-л-лаҳум фартақибҳум вастабир. 27.
27. Албатта, Мо ҷиҳати озмоиши онҳо ноқа (модауштур)-ро фиристодем. Пас, (эй Солеҳ) онҳоро мунтазир бош ва сабрро пеша кун!
Кофирони саркаши қавми Самуд аз Солэҳ (а) барои исботи пайғамбариаш мӯъҷиза талаб намуданд. Онҳо мехостанд, ки аз байни санги хоро уштуре пайдо шавад. Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло барои тасдиқи пайғамбарии Солеҳ (а) муъҷиза ато кард ва аз санги калони хоро уштуре берун овард.
Аллоҳ таъоло дар ояти мазкура мефармояд, ки мо тибқи талаби қавми Самуд, барои озмоиши онҳо ноқа (уштур)-ро фиристодем. То маълум шавад, ки кадоме аз онҳо баъди дидани муъҷизаи ошкор тобеъи ақл шуда, ба сухани Аллоҳ ва расули Ӯ (а) бовар мекунанду кадоме аз онҳо тобеъи нафс мегардаду саркашӣ мекунад. Пас, ту (яъне Солеҳ (а) дар интизори поёни кори онҳо бошу сабрро пеша кун, то бубинӣ аз онҳо чӣ амал пеш меояд ва аз Мо ба онҳо чӣ гуна муносибат мешавад. Зеро мададгори ту Парвардигори туст. Маълум аст, ки қавми Самуд дар ин ҷо дар баробари озмоиши бузург қарор гирифтанд. Ояти зер мефармояд, ки Мо ба Солеҳ (а) гуфтем:
Рӯйхати оятҳои Сураи Қамар «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «