Тафсири Сураи Камар Ояти 37 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Қамар Ояти 37
وَلَقَدۡ رَاوَدُوۡهُ عَنۡ ضَيۡفِهٖ فَطَمَسۡنَاۤ اَعۡيُنَهُمۡ فَذُوۡقُوۡا عَذَابِىۡ وَنُذُرِ ٣٧
Ва лақад ровадуҳу ъан Зайфиҳӣ фа тамасна аъюнаҳум фа зуқу ъазабӣ ва нузур. 37.
37. Ва ба таҳқиқ, хостанд аз Лут меҳмонони ӯро бигиранд, пас, чашмони онҳоро кӯр кардем, пас, (ба онҳо гуфтем:) «Бичашед азобу тарсониданҳои Маро!».
Бо амри Худованд фариштагони азоб дар сурати ҷавонмардони зебо чун меҳмон вориди манзили Лут (а) шуданд. Фиристодаи Аллоҳ аз одате, ки қавмаш дошт, дар андеша шуд ва кӯшид то омадани меҳмонон бар онҳо маълум нагардад. Вале ин ҳодиса пинҳон намонд. Ба ривояте завҷаи ҳазрати Лут (а) ин хабарро ба кофирон расонид. Пас, он авбошон ба хонаи ҳазрати Лут (а) омаданд. Ӯ дарҳоро маҳкам намуда, фоҷиронро панду насиҳати бисёре кард, то аз ин мақсади нопок ва аз расвоӣ даст бардоранд, вале таъсир набахшид. Он беимонҳо дарро шикастанд ва хостанд вориди хонаи меҳмонон шаванд, дар ин ҳангом ҳазрати Ҷабраил (а) ба шоҳпари худ онҳоро бизад дар ҳол ҳама нобино гаштанд. Онҳо чӣ кор карданашонро намедонистанд ва ба ҳар сӯе мегаштанд, ба ҳамдигар бармехӯрданд. Ҳақ субҳонаҳу ва таъоло баъди ин ба онҳо муроҷиат карда гуфт, ки пас бичашед азоби Маро ва он тарсу бимеро, ки Расули Мо ба шумо расонида буд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Қамар «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «