Сураи Қамар Ояти 48 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Камар Ояти 48 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Қамар Ояти 48

يَوۡمَ يُسۡحَبُوۡنَ فِى النَّارِ عَلٰى وُجُوۡهِهِمۡؕ ذُوۡقُوۡا مَسَّ سَقَرَ ٤٨

Явма юсҳабуна фи-н-Нари ъала вуҷуҳиҳим зуқу масса сақар. 48.

48. Рӯзе, ки онҳоро дар оташ бо рӯйҳояшон кашида шаванд, (гуфта шавад): «Таъми оташро бичашед».

Шахсоне, ки сифаташон дар оятҳои қаблӣ гузашт, аз бахту иқболи дунё бархӯрдоранд, ба сабаби маишати дунёи фонӣ чунон дар ғафлату ҷаҳолатанд, ки аз шунидани суханҳои ҳақ гӯё гӯшҳояшон каранд. Онҳо мисли девонаанд, ки баду некро намефаҳманд. Агар онҳо тавба накунанд, имон наоранд ва бо он сифатҳо аз олам гузаранд, бинобар мазмуни ояти мазкура дар қиёмат гирифтори азоби шадид мегарданд. Онҳо бо шарофатмандтарин аъзояшон, яъне бо рӯйҳояшон бо хорию залилӣ сӯи оташ кашида мешаванд. Боз барои дилкӯбиашон ба онҳо гуфта мешавад, ки шумо набудед, ки азоби Ҷаҳаннамро дурӯғ мешуморидед? Ҳарчанд аз мавҷудияти он шуморо огоҳ месохтанд, қабул намекардед? Акнун бубинед, ҳамин аст он Дӯзах, ки шумо онро афсона мепиндоштед, бичашед оташи ҷонгудози онро! Мехоҳед намехоҳед, ин подоши амали шумост! Акнун хоҳед донист гумроҳ кисту ҷоҳилу девона кист! Лекин афсӯс…


Рӯйхати оятҳои Сураи Қамар «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Қамар Ояти 47 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Қамар Ояти 49 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)