Сураи Қамар Ояти 49 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Камар Ояти 49 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Қамар Ояти 49

اِنَّا كُلَّ شَىۡءٍ خَلَقۡنٰهُ بِقَدَرٍ ٤٩

Инна кулла шай-ин халақнаҳу би қадар. 49.

49. Албатта, Мо ҳар чизро ба андозаи муқаррар пайдо кардем.

Дар ин оят калимаи «шайъ» ба маънои «чиз», «ҳодиса», «рӯйдод» истифода шудааст. Инчунин дар ин оят калимаи «биқадар» омадааст. Онро муфассирон ду навъ шарҳ додаанд. Маънои якуми ин калима «қазову қадар» буда, маънои дуюмаш «миқдор» мебошад. Агар «биқадар» ба маънои «қадар» истифода шавад, маънои оят чунин фаҳмида мешавад: Аллоҳ таъоло ҳамаи чизро (ҳодисаро) пеш аз халқ карданаш (офариданаш) дар азал бо илми худ медонад.

Агар «биқадар» ба маънои «миқдор» истифода шавад, маънои оят чунин фаҳмида мешавад: Аллоҳ таъоло ҳамаи ашё (чизҳо) ва тамоми ҳодисаҳоро андозае муқаррар кардааст, ки аз он на кам шавад ва на зиёд. Инчунин вақти рӯйдоди ҳодиса на таъҷил пазирад ва на таъхир, яъне Худованд дар ояти мазкур мефармояд, ки албатта, Мо ҳама чизҳоро (ҳодисаҳоро) ба андозаи муқаррар офаридем. Ҳамаи онҳоро пеш аз офариниш дар азал бо илми худ медонем.

Агарчи ин оят кӯтоҳ бошад ҳам, маъноҳои зиёдеро дарбар гирифтааст, ки он худ як муъҷиза аст. Муфассирон дар ҳар замон вобаста ба дараҷаи тараққиёти илми давраи худ ин оятро шарҳу тафсир кардаанд. Ҳар қадар соҳаҳои гуногуни илм пеш мерафту ҷомеъа тараққӣ мекард, илми калому тафсир низ пеш мерафт ва маънои ин оят васеътар ва равшантар мегашт. Бо назардошти фикрҳои баёншуда маънои ояти мазкур чунин шарҳ мегирад: Ҳар чӣ дар дунё ҳаст, аз тарафи Худованд офарида шудааст. Масалан, Офтоб, Замин, инсон, наботот, элементҳои кимёвӣ, электронҳо ва ғайра. Сохти ин чизҳои офаридашуда, миқдори онҳо, сифат ва хосиятҳои онҳо низ аз тарафи Худованд офарида шудаанд. Худованд на танҳо ашёро (чизҳоро) офарид, балки қонунҳои мавҷудият ва муносибати онҳоро бо ҳамдигар низ офарид. Масалан, Замин дар мадори худ атрофи Офтоб давр мезанад, суръати ҳаракат, хати ҳаракат, самти ҳаракат мувофиқи қонунҳои аз тарафи Худованд муқарраршуда идора мешаванд. Қисме аз ин қонунҳоро инсоният кашф кардааст. Масалан, қонуни ҷозибаи умумиҷаҳонӣ, қонуни таъсир ва акси таъсир ва ғайра. Дар айни ҳол қисми бисёре аз қонунҳо барои инсоният номаълуманд, вале онҳо мавҷуданд.

Мисоли дигар, ду атоми ҳидроген бо як атоми оксиген пайваст шуда, молекулаи об ҳосил мегардад. Худованд на танҳо оксигену ҳидрогенро офаридааст, балки қонуниятҳои бо ҳам пайвастшавии онҳоро (масалан валентнокии онҳоро) низ офаридааст. Мин ҷумла, тамоми сифатҳо ва хосиятҳои об низ, аз тарафи Худованд муайян (андоза) шудааст.

Мисоли дигар, Офтоб ба Замин аз рӯи меъёри муайян гармии худро равона месозад. Агар миқдори гармӣ аз ҳадди эътидол зиёд гардад, пиряхҳо об шуда, қисми зиёди хушкӣ зери об мемонад ва баръакс, агар миқдори гармӣ аз ҳадди эътидол кам гардад, яқин аст, ки ҳама ҷо ях бибандад.

Акнун бигӯед! Ба ғайри Аллоҳ ба муайян кардани андозаи ашё кӣ қодир аст? Ҳеҷ кас!

Дар таркиби ҳаво (атмосфера)-и Замин газҳои оксиген ва карбон мавҷуданд. Инсон ҳангоми нафаскашӣ оксигенро қабул намуда, гази карбонро хориҷ менамояд. Растаниҳо баръакс, гази карбонро аз ҳаво истифода бурда, оксигенро хориҷ менамоянд. Инсоният ва олами растаниҳои рӯи Замин ба ҳамдигар лозиманд. Онҳо ба ҳамдигар хизмат мекунанд. Ба Худо қасам! Аз рӯи инсоф бигӯед! Ба ғайр аз Аллоҳ таъолои Доно ва Меҳрубон кӣ ба ин қадар дақиқ муайян кардани вазифа ва таносуби ашёҳо қодир аст? Ҳеҷ кас!

Агар инсон имрӯз боинсофона тафаккур кунад, ба хулоса меояд, ки тамоми кашфиёти илмҳои табиатшиносӣ далели раднашаванда ба ҳақ будани оятҳои Қуръони маҷиданд. Дар хотима як мисоле меорем, ки бе восита ба худи мо тааллуқ дорад. Ҳар яки мо хуб медонем, ки аз синаи модарони худ шир хӯрда, калон шудаем. Аммо он шири модар чӣ гуна пайдо мешавад, чаро маҳз баъди таваллуди кӯдак пайдо мешавад ва дар таркиби худ чӣ гуна моддаҳо дорад, аз мову шумо андеша мехоҳад. Қабл аз тавлид, ё дар рӯзҳои аввал аз пистони модар як моеъи зарду сафед ва тунук хориҷ мегардад. Ин моеъи ширмонанд барои кӯдакон бисёр нафъовар буда, онҳоро аз бисёр касалиҳо эмин медорад, зеро дар таркиби худ моддаҳои махсуси кимёвӣ дорад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Қамар «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Во аҷабо! Ин моеъи барои ҳар як инсон ба хосса ҳангоми туфулия зарурро аз синаи модар кӣ пайдо кард? Не, боз ҳам не! Онро на бединон ба вуҷуд овардаанду на ҳамақидаҳои онҳо, ки Аллоҳро инкор мекунанд. Худ қазовот кунед чун тифл ба дунё меояд, рӯзи дуюм ё сеюм омадани шир оғоз мегардад. Пайдошавии ширро магар модар худаш ташкил мекунад? Шири модар ҳар рӯз ба тадриҷ, ҳамзамон бо афзоиш ёфтани кӯдак зиёд мегардад ва пас аз як сол миқдори он ба 1 литру 500 гр. расиданаш мумкин аст. Илова бар ин, ба афзоиш ёфтани кӯдак, зиёд гаштани шир моддаҳои таркиби он низ, дигар гардида, афзун мегардад. Ба ғайри Аллоҳ таъоло, кӣ ин кору андозаро карда метавонад? Ҳеҷ кас!

Доир ба ин масоил ҷилд-ҷилд китобҳо навишта шудааст, ҳар кӣ аз рӯи инсоф онҳоро биёмӯзад, мусулмон нашуда илоҷ надорад.

Ҳалли масъалаи тақдир нисбат ба инсон боиси ихтилофи зиёд гаштааст.

Мувофиқи мазҳаби Имом Абӯ Ҳанифа (Имом Аъзам) ин масъала чунин ҳал дорад: Худованд инсонро офарид. Тақдири инсонро андоза кард. Роҳи нек ва бадро хабар дод. Ба инсон дар интихоби роҳи нек ё бад ихтиёри ҷузъӣ дод. Аллоҳ таъоло бо илми аъзамаш медонад, ки кадом инсон роҳи некро интихоб мекунад ва кадом инсон роҳи бадро интихоб мекунад.

Дар ҳамин ҷо ба шарҳи ин оят нуқта мегузорем, зеро яқин аст, ки Аллоҳ таъоло ҳар як чизро шаклу ҳаҷму рангу намуду ҳадду андоза (тақдир) кардааст. Тақдир баҳри бепоёнро мемонад. Ҳар қадар, ки аз тақдир зиёд баҳс шавад, инсон ҳамон қадар рӯзи қиёмат масъул мешавад. Он чӣ ин ҷо овардем, қатрае аз баҳр буд. Барои ба тақдир имон овардан, ба Қуръон бояд рӯй овард! Олимтарини инсонҳо он шахсест, ки дар масъалаи қадар сукутро ихтиёр мекунад ва чуну чаро намегӯяд.

Мақолаи қаблӣСураи Қамар Ояти 48 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Қамар Ояти 50 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)