Тафсири Сураи Камар Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Қамар Ояти 5
حِكۡمَةٌ ۢ بَالِغَةٌ فَمَا تُغۡنِ النُّذُرُۙ ٥
Ҳикматун балиғатун фа ма туғни-н-нузур. 5.
5. Донишу ҳикмати тамом (Қуръон ба онҳо) омадааст. Вале, фаҳмондани (ҳушдор)-ҳо фоида намедиҳанд.
Қуръони карим ҷамиъи ҳикмату андарзҳоро бо пуррагӣ мувофиқ ба ақли инсон пешкаш намудааст. Вале афсӯс аз ин панду андарзҳо, ки ҳама дар ниҳояти рушду камоланд, инсоне, ки имон надорад, баҳра намебардорад. Зеро қалби инсонҳоеро, ки дар тақдирашон бадкорӣ аст, пардаи сиёҳи гуноҳ чунон пӯшидааст, ки огоҳкунандаҳо ҳар қадар фаҳмонанд ҳам, ба онҳо суде намебахшад. Яъне ин гурӯҳи саркаш аз ҳамаи он ҳодисаҳое, ки гузаштааст, ба андозаи кофӣ бохабаранд, вале аз он суд (фоида) намебардоранд. Ин гуна ҳодисаҳои ибратомӯз то қиёмат боқӣ хоҳанд монд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Қамар «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «