Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) давлатест, ки аз 7 аморат иборат аст. Дар АМА аз шахсони воқеӣ андоз ситонида намешавад, барои ҳамин ба ин ҷо шумораи зиёди афроди сарватманд барои кору иқомат меоянд.

Аз гармии зиёди ҳаво дар истгоҳҳои нақлиёти ҷамъиятӣ кондитсионерҳо насб шудаанд. Дар роҳҳои ин кишвар умуман кормандони бозрасии давлатии автомобилӣ фаъолият намекунанд, тамоми ҳаракати мошинҳо ва рафтуомади одамон тариқи камераҳои мушоҳидавӣ назорат мешавад. Аз соҳибони мошинҳо ҳангоми гузаштан аз муоинаи техникӣ барои қоидавайронкуниҳо охири сол ҷарима ситонида мешавад. Агар рафту ба политсия оид ба мушоҳидаи ягон қонуншиканӣ хабари махфӣ расонда шавад, хабаррасон соҳиби мукофоти пулӣ мегардад.
Кӯчаву роҳҳои АМА хеле тозаву озода мебошанд. Тасодуфан агар чизи нодаркориеро дар роҳ партоӣ, ҷаримааш 500 дирҳам аст. Сокинони маҳаллӣ дар ин кишвар ҳуқуқи таҳсили ройгон дар дилхоҳ муассисаи таълимии олии ҷаҳонро доранд. Маблағи хароҷоти онҳо аз ҳисоби буҷаи давлат пардохт мешавад. Ба хотири пешгирии ҷавонон барои таҳсил ба хориҷа рафтан, бо ташаббуси Ҳукумати АМА дар ин кишвар фаъолияти филиалҳои мактабҳои олии мамолики пешрафтаи дунё ба роҳ монда шудааст.
Тамоми пешравии ин давлати соҳили халиҷи Форсро нафт ташкил медиҳад, вале солҳои охир туризм низ ба буҷаи АМА даромади зиёд меорад.


