Сураи Қасас Ояти 46 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Касас Ояти 46 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Қасас Ояти 46

وَمَا كُنۡتَ بِجَانِبِ الطُّوۡرِ اِذۡ نَادَيۡنَا وَلٰـكِنۡ رَّحۡمَةً مِّنۡ رَّبِّكَ لِتُنۡذِرَ قَوۡمًا مَّاۤ اَتٰٮهُمۡ مِّنۡ نَّذِيۡرٍ مِّنۡ قَبۡلِكَ لَعَلَّهُمۡ يَتَذَكَّرُوۡنَ ٤٦

Ва ма кунта би ҷаниби-з-Тури из надайна ва лаки-р раҳмата-м ми-р-Раббика литунзира қавмам ма атаҳум-м мин-н-назӣри-м мин қаблика лаъаллаҳум ятазаккарун. 46.

46. Ва ту ба ҷониби Тур набудӣ, чун овоз додем, валекин аз рӯи бахшоиши Парвардигори ту ваҳй омад, то гурӯҳеро, ки пеш аз ту ба онҳо ҳеҷ тарсонанда наёмада буд, тарсонӣ, бошад, ки онҳо пандпазир шаванд.

Ҳамчу таъкидӣ маънои ояти қаблӣ, Худованд дар ин оят гуфтааст, ки вақте Мӯсо (а) дар тарафи кӯҳи Тур буд, Мо ба ӯ нидо дода гуфтем, ки ё Мӯсо, дастуроти моро бояд иҷро кунӣ! Ҳамзамон, дар он ҳолат фармони пайғамбариро ба номи ӯ (а) содир намудем. Аммо ту, эй Муҳаммад (с), он ҷо набудӣ. Ин раҳматест аз ҷониби Мо барои ту, ки ба воситаи ваҳй (Қуръон) ин қиссаҳоро барои ту ҳикоят кардем ва туро аз ин хабарҳо огоҳ сохтем, то қавмҳоеро, ки пеш аз ту ҳеҷ ҳушдордиҳандае ба сӯяшон (яъне ба аҳли Макка) наомада буд, бим диҳӣ, бошад, ки онҳо саргузашти Мӯсо (а)-ро дуруст дарк кунанд ва бо бим додани ту пандпазир шаванд. Зеро ин фазлу марҳамати Парвардигораст, ки ба сӯйи мардум пайғамбарони худро мефиристад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Қасас «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Қасас Ояти 45 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Қасас Ояти 47 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)