Сураи Қасас Ояти 52 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Касас Ояти 52 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Қасас Ояти 52

اَلَّذِيۡنَ اٰتَيۡنٰهُمُ الۡـكِتٰبَ مِنۡ قَبۡلِهٖ هُمۡ بِهٖ يُؤۡمِنُوۡنَ ٥٢

Ал-лазӣна атайнаҳуму-л-китаба мин қаблиҳӣ ҳум биҳӣ юъминун. 52.

52. Касонеро, ки пеш аз он (Қуръон) ба онҳо Китоб додаем, ба Қуръон имон меоранд.

Сабаби нузули ояти мазкурро Ибни Касир (р) аз Саъд Ибни Ҷубайр (р) чунин ривоят кардааст. «Наҷҷошӣ (шоҳи Ҳабаш) ҳафтод тан аз донишмандони худро барои фаҳмидани ҳақиқати кор, ба назди Расулаллоҳ (с) фиристод. Чун онҳо ба ҳузури Расулаллоҳ (с) расиданд, Расулаллоҳ (с) сураи «Ёсин»-ро барои онҳо аз сар то охир тиловат намуд, онҳо аз таъсири оятҳо мегиристанд, дар охир илму хирад онҳоро, ки аҳли китоби воқеъӣ буданд, нагузошт, ки имон наоранд.»

Хулоса, ҳамаи онҳо бо нури имону ислом мушарраф шуда, ба ватани худ баргаштанд. Ҳоло Худованд дар ин оят, аз сифати чунин шахсони олим хабар додааст, ки Мо пеш аз Қуръон ба онҳо китоб (Таврот ва Инҷил)-ро дода будем, онҳо он китобҳоро сухани Парвардигор ҳисобида, имон оварда ва бо ростӣ қабул карда буданд. Вақто ки Қуръонро диданд, ё шуниданд, чун Абдуллоҳ Ибни Салом (р) дар ҳол имон оварданд. Зеро онҳо фаҳмиданд, ки ҳамаи ин китобҳои осмонӣ дар паёми илоҳӣ будан муштарак ва ҳамдигарро тасдиқкунандаанд ва ҳама аз боргоҳи илоҳӣ ба пайғамбарон нозил шудаанд ва манҳаҷи ҳамаи онҳо як аст. Ана ин аст сифати мардуме, ки ҳақиқатан аҳли китобанд, онҳо аз китобҳои осмоние, ки нозил шуд, бо таври бояду шояд бархӯрдор шуданд.

Ояти зер ин муқаддимаро идома медиҳанд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Қасас «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Қасас Ояти 51 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Қасас Ояти 53 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)