Тафсири Сураи Касас Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Қасас Ояти 6
وَنُمَكِّنَ لَهُمۡ فِى الۡاَرۡضِ وَنُرِىَ فِرۡعَوۡنَ وَهَامٰنَ وَجُنُوۡدَهُمَا مِنۡهُمۡ مَّا كَانُوۡا يَحۡذَرُوۡنَ ٦
Ва нумаккина лаҳум фи-л-арЗи ва нурия Фиръавна ва Ҳамана ва ҷунудаҳума минҳум-м ма кану яҳзарун. 6.
6. Ва онҳоро дар Замин дастрасӣ диҳем ва аз забун гирифтагонашон ба Фиръавн ва Ҳомон ва ба лашкарҳои онҳо, он чӣ аз он метарсиданд, нишон диҳем.
Худованд дар ояти қаблӣ панҷ сифати бади касонеро, ки дар рӯйи замин гарданкашию бартарҷӯи мекарданд, зикр кард, ки онҳо мардумро ба заъфу хорӣ мекашиданд, писарони бани Исроилро мекуштанд, духтарони онҳоро боқӣ мегузоштанд, дар рӯйи замин фасодкорӣ мекарданд, ҳаққро қабул надоштанд. Ҳоло дар ин оятҳо Худованд сифати музтазъафон (ҷабрдидагон, заъифон)-ро баён карда гуфтааст, ки мо бо ирода ва бо тадбири ҳакимонаи худ мехоҳем бар касоне, ки дар рӯйи замин аз тарафи Фиръавн ба заъфу хорӣ кашида мешуданд, бо додани неъматҳои фаровон миннат ниҳем ва онҳоро дар замони худ пешвоён ва ворисони рӯйи замин қарор диҳем. Оре! Он чизе, ки Фиръавн ирода дошт, нашуд, дар он асно Худованд Мӯсо (а)-ро ба пайғамбарӣ мушарраф гардонид ва ба ӯ муъҷизаҳои фаровон дод ва Мӯсо (а) тавонист бо иродаи Худованд бани Исроилро аз зулми Фиръавн наҷот диҳаду сиҳату саломат аз Миср берун кунад. Чуноне ки ин қисса дар ояти 137-уми сураи «Аъроф» гузашт, онҳоро дар замони худ ворисони мулки Миср ва Байтул-л-муқаддас гардонид. Дар идомаи сухан Худованд фармудааст, ки онҳо (мустазъафон)-ро дар рӯйи замин соҳибиқтидор мегардонем, то ҳаргуна ки мехоҳанд дар он тасарруф кунанд, чунон ҳам шуд. Бо гувоҳӣ додани таърих нуфузи бани Исроил дар замони Сулаймон (а) дар сарзамини Шому Миср ва фаротар аз инҳо расида буд. Фиръавн ва вазири ӯ Ҳомон ва лашкарҳои онҳо, чуноне ки гузашт, аз ин мустазъафон эҳсоси хатар карда, бимнок буданд, ки шахсе аз бани Исроил пайдо мешавад, салтанат аз дасти Фиръавн меравад. Онҳо бо тамоми тавоноие, ки доштанд, барои дафъи ин зарари оянда мекӯшиданд. Чуноне ки бимнок буданд, ҳамчунон Худованд ба онҳо нишон дод.
Хулоса, вақто ки Худованд нобудии Фиръавну Ҳомон ва қавми онҳоро ирода кард, хоҳиши худро бо дасти касе анҷом дод, ки Фиръавн ӯ Мӯсо (а)-ро дар қасри худ ва бо ғизои худ парвариш дода буд. Албатта, мусалмонони мазлум аз хондану фаҳмидани чунин оятҳо тасаллӣ меёбанд ва ба ояндаи неки худ умед мебанданд.
Баъди ин муқаддима, қиссаи Мӯсо (а) муфассалтар дар оятҳои зер эзоҳ дода мешавад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Қасас «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «