Суннатхо ва мустахабхои вузу / тахорат. Шархи Чоркитоб.
Аз дидгоҳи фуқаҳои ҳанафӣ дар вузӯ нуздаҳ суннат ва мустаҳаб аст:
1-Дар ибтидои вузӯ бисмиллоҳ гуфтан.
2- Вузӯро аз шустани ҳар ду даст то банди дастон оғоз кардан.
3- Бо мисвокчӯб дандонҳои худро назофат кардан ва дар ҳолати набудани мисвокчӯб бо ангушт мисвок кардан.
4-Мазмаза, яъне даҳони худро се маротиб бо об шустан.
5-Бо се каф об се маротиб истиншоқ кардан, яъне бинии худро шустан.
6-Ҳангоми вузӯ дар шустани даҳон муболаға, яъне ҷаҳду кушиш кардан, агар рӯзадор набошад.
7- Ҳангоми вузӯ дар шустани бини муболаға, яъне ҷаҳду кушиш кардан, агар рӯзадор набошад.
8-Хилол кардани риш бо ангуштон ва оби кафи даст аз зераш.
9-Хилоли ангуштони дастон ва ангуштони пойҳо дар аснои шустанашон.
10- Таслиси ғасл, яъне ҳар узви дар вузӯ шусташавандаро се борӣ шустан.
11-Бо дастони тар ҳамаи сарро як маротиб масҳ кашидан.
12- Масҳ кашидани дарун ва пушти гӯшҳо як маротиб.
13- Далк, яъне узвҳои дар вузӯ шусташавандаро ҳангоми шустан бо об молидан, яъне шакидан.
14-Вило, яъне пай дар пай ва бидуни таваққуф ва машғул шудан ба кори дигар вузӯро ба итмом расонидан.
15- Ният, яъне ба ният ва иродаи таҳорат вузӯро оғоз кардан.
16-Тартиб, яъне бо тартиб ва пайи ҳам ҳамчуноне дар ояти шашуми сураи “Моида” омадааст, вузӯ карданд. Тартиби мазкур дар он сура чунин аст:
1-Рӯйро шустан.
2-Дастонро ҳамроҳи оринҷ шустан.
3- Бар сари худ масҳ кашидан.
4- Пойҳоро шустан.
17- Таёмун, яъне аз рост оғоз кардан. Ба таври мисол ҳангоми шустани дастон дасти ростро аввалан шустан ва ҳангоми шустани пойҳо аз пои рост оғоз кардан.
18- Масҳи гардан.
19-Дуоҳо ва зикрҳои дар суннат омадаро хондан.
Далелҳои суннатҳо ва мустаҳабҳои вузӯ
1-Далели кайфияти вузӯи Пайғамбар (с). Дар ривояти “Саҳеҳи Бухорӣ” ҳазрати Усмон разияллоҳу анҳу кайфияти вузӯи Пайғамбар (с)-ро чунин ривоят кардааст:
“دَعَا بِوَضُوءٍ،فَأَفْرَغَ عَلَى يَدَيْهِ مِنْ إِنَائِهِ،فَغَسَلَهُمَا ثَلاَثَ مَرَّاتٍ، ثُمَّ أَدْخَلَ يَمِينَهُ فِي الوَضُوءِ، ثُمَّ تَمَضْمَضَ وَاسْتَنْشَقَ وَاسْتَنْثَرَ،ثُمَّ غَسَلَ وَجْهَهُ ثَلاَثًا وَيَدَيْهِ إِلَى المِرْفَقَيْنِ ثَلاَثًا، ثُمَّ مَسَحَ بِرَأْسِهِ،ثُمَّ غَسَلَ كُلَّ رِجْلٍ ثَلاَثًا، ثُمَّ قَالَ:رَأَيْتُ النَّبِيَّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ يَتَوَضَّأُ نَحْو وُضُوئِي هَذَا . (كذا في صحيح البخاري-1/ 44/ 164 –عَنْ حُمْرَانَ، مَوْلَى عُثْمَانَ بْنِ عَفَّانَ.)
“Ҳазрати Усмон талаб кард ва оби вузӯ барояш оварданд ва ӯ аз зарфи об ба дастонаш об рехт ва (то банди даст) дастонашро се маротиб бишуст.Баъд дасти росташро дар зарфи об андохт ва об гирифт ва се маротиб даҳону бинияшро бишуст ва бинияшро афшонд. Баъди ин рӯй ва дастонашро ҳамроҳи оринҷҳояш се маротиби бишуст ва бар сараш масҳ бикашид ва ҳар ду пойҳояшро се бори бишуст ва гуфт: Пайғамбар (с)-ро дидаам, ки монанди ин вузӯи ман анҷомдода вузӯ мекард”.
2-Далели суннат будани “Бисмиилоҳ” гуфтан дар вузӯ. Дар ин мавзӯъ дар ривояти “Сунани Абудовуд” Пайғамбар (с) чунин гуфтааст:
“لَا صَلَاةَ لِمَنْ لَا وُضُوءَ لَهُ، وَلَا وُضُوءَ لِمَنْ لَمْ يَذْكُرِ اسْمَ اللَّهِ تَعَالَى عَلَيْهِ”. (كذا في سنن أبي داود -1/ 25 101 – :عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ،.وحكم المحقق: صحيح)
“Намоз надорад касе вузӯ надорад ва вузӯ надорад касе, ки бисмиллоҳ нагуфтааст”.
3-Далели суннат будани мисвок, яъне назофат кардани дандонҳо бо мисвокчуб. Дар ин мавзӯъ дар ривояти “Саҳеҳи Бухорӣ” Пайғамбар (с) чунин гуфтааст:
“لَوْلاَ أَنْ أَشُقَّ عَلَى أُمَّتِي لَأَمَرْتُهُمْ بِالسِّوَاكِ عِنْدَ كُلِّ وُضُوءٍ”.(كذا في صحيح البخاري -3/ 31- وَقَالَ أَبُو هُرَيْرَةَ )
“Агар барои умматам машаққат ва душвор намешуд амрашон мекардам, ки дар ҳар вузӯ мисвок бикунанд”. Яъне мисвок карданро барояшон воҷиб мекардам.
4-Далели суннат будани хилоли ангуштон. Дар ин мавзӯъ дар ривояти “Сунани Тирмизӣ” бо санади саҳеҳ Пайғамбар (с) чунин гуфтааст:
«أَسْبِغِ الوُضُوءَ،وَخَلِّلْ بَيْنَ الأَصَابِعِ،وَبَالِغْ فِي الِاسْتِنْشَاقِ،إِلَّا أَنْ تَكُونَ صَائِمًا» (كذا في سنن الترمذي-3/ 146/ 788-عن صَبِرَةَ، “حَسَنٌ” وحكم المحقق:صحيح).
“Вузӯро ба таври комил анҷом бидеҳ ва байни ангуштонатро хилол бикун ва дар шустани бинӣ муболиға бикун, магар ки рӯзадор бошӣ”.
5-Далели суннат будани хилоли риш. Дар ривояти “Сунани Дорамии Самарқандӣ” бо санади ҳасан Шақиқ ибни Саллама чунин гуфтааст:
“رَأَيْتُ عُثْمَانَ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ، يَتَوَضَّأُ فَخَلَّلَ لِحْيَتَهُ،وَقَالَ:هَكَذَا رَأَيْتُ رَسُولَ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ تَوَضَّأَ”. (كذا في سنن الدارمي-1/ 550 731 – -عَنْ شَقِيقِ بْنِ سَلَمَةَ، قَالَ:..وفي تعليق المحقق:إسناده حسن)
“Ҳазрати Усмонро дида будам, ки дар аснои вузӯаш ришашро хилол кард ва гуфт: Пайғамбар (с)-ро дида будам, ки чунин вузӯ кард”.
Дар ривояти “Сунани Абудовуд” бо санади саҳеҳ ҳазрати Анас разияллоҳу анҳу чунин ривоят кардааст:
«أَنَّ رَسُولَ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ كَانَ إِذَا تَوَضَّأَ، أَخَذَ كَفًّا مِنْ مَاءٍ فَأَدخَلَهُ تَحْتَ حَنَكِهِ فَخَلَّلَ بِهِ لِحْيَتَهُ»، وَقَالَ:«هَكَذَا أَمَرَنِي رَبِّي عَزَّ وَجَلَّ».(كذا في سنن أبي داود -1/ 36 145 – -عَنْ أَنَسٍ بْنَ مَالِكٍ، وحكم المحقق: صحيح).
“Пайғамбар (с) вақте таҳорат мекард, як каф обро мегирифт ва онро аз зери гулуяш дохил мекард ва ришашро хилол мекард”.
6-Далели суннат будани хилоли ангуштони дастон ва ангуштони пойҳо. Дар ривояти “Сунани Ибни Моҷа” бо санади саҳеҳ Пайғамбар (с) чунин гуфтааст:
«إِذَا قُمْتَ إِلَى الصَّلَاةِ، فَأَسْبِغِ الْوُضُوءَ وَاجْعَلِ الْمَاءَ بَيْنَ أَصَابِعِ يَدَيْكَ،وَرِجْلَيْكَ» (كذا في سنن ابن ماجه -1/ 153 447 – :عَنِ ابْنِ عَبَّاسٍ قَالَ: قَالَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ:وحكم المحقق: حسن صحيح)
“Ҳар вақто барои гузоридани намоз бархести вузӯи комил бигир ва обро дар байни ангуштони дастон ва ангуштони пойҳоят бирасон”.
7-Далели суннат будани далк ривояти “Муснади Имом Аҳмад” бо санади саҳеҳ, ки дар он чунин омадааст:
“أَنَّ النَّبِيَّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ تَوَضَّأَ فَجَعَلَ يَقُولُ:هَكَذَا يَدْلُكُ”. (كذا في مسند أحمد-26/ 370/ 16441- عن عَبْدِ اللهِ بْنِ زَيْدٍ… حديث صحيح).
“Пайғамбар (с) вузӯ гирифт ва инчунин далк кард”.
8-Далели суннат будани як маротиб масҳ кашидани бар сар ва гӯшҳо ривояти “Сунани Тирмизӣ” бо санади саҳеҳ, ки дар он Рабиъ бинти Муъаввиз разияллоҳу анҳо дар ривояташ чунин гуфтааст:
«مَسَحَ رَأْسَهُ، وَمَسَحَ مَا أَقْبَلَ مِنْهُ، وَمَا أَدْبَرَ، وَصُدْغَيْهِ، وَأُذُنَيْهِ مَرَّةً وَاحِدَةً» (كذا في سنن الترمذي ت شاكر -1/ 49/ 34 – عَنِ الرُّبَيِّعِ بِنْتِ مُعَوِّذِ ابْنِ عَفْرَاءَ، أَنَّهَا رَأَتِ النَّبِيَّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ يَتَوَضَّأُ، قَالَتْ:.حكم المحقق: حسن الإسناد).
“Пайғамбар (с) сарашро, яъне пеш ва паси сарашро рухсораҳояшро ва ҳар ду гӯшашро як маротиб масҳ бикашид”.
Дар ривояти “Сунани Насоӣ” бо санади саҳеҳ Ибни Аббос разияллоҳу анҳу вузӯи Пайғамбар (с)-ро чунин сифат кардааст:
“ثُمَّ مَسَحَ بِرَأْسِهِ وَأُذُنَيْهِ بَاطِنِهِمَا بِالسَّبَّاحَتَيْنِ وَظَاهِرِهِمَا بَإِبْهَامَيْهِ، “.(وفي سنن النسائي -1/ 74 102 – -عَنِ ابْنِ عَبَّاسٍ…وحكم المحقق: حسن صحيح).
“Сипас бар сар ва гӯшҳояш, дохили гӯшҳояшро бо ангуштони ишорааш ва пушти гӯшҳояро бо ду ангушти бузургаш масҳ бикашид”.
9-Далели мустаҳаб будани таёмун, яъне аз рост оғоз кардан. Дар ривояти “Сунани Насоӣ” бо санади саҳеҳ модари муъминон ҳазрати Оиша размяллоҳу анҳо чунин гуфтааст:
“أَنَّ رَسُولَ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ كَانَ يُحِبُّ التَّيَامُنَ مَا اسْتَطَاعَ فِي طُهُورِهِ وَنَعْلِهِ وَتَرَجُّلِهِ» (كذا في سنن النسائي -1/ 78 112 –عَنْ عَائِشَةَ…وحكم المحقق:صحيح)
“Пайғамбар (с) ҳар қадре метавонист дар таҳораташ ва дар пушидани кафшаш ва дар шона кардани ришаш аз рост оғоз карданро дӯст медошт”. 10- Далели мустаҳаб будани дуо дар аснои вузӯ. Дар ривояти “Муснади Абуяълои Мусилӣ” бо санади саҳеҳ Пайғамбар (с) дар аснои таҳораташ чунин дуо мекардааст:
«اللَّهُمَّ اغْفِرْ لِي ذَنْبِي، وَوَسِّعْ لِي فِي دَارِي، وَبَارِكْ لِي فِي رِزْقِي”. (كذا وفي مسند أبي يعلى الموصلي -13/ 257 7273 – : عَنْ أَبِي مُوسَى وحكم حسين سليم أسد: إسناده صحيح. وفي روضة المحدثين -10/ 163:وفي ” الأذكار” 24/1 :إسناده صحيح).
“Аллоҳуммағфир лӣ занбӣ ва вассиъ лӣ фи дорӣ ва борик лӣ фи ризқӣ”.
Тарҷима:“Худоё! Гуноҳони манро биомурз ва хонаи манро васеъ бигардон ва дар ризқи ман баракат бидеҳ”.
11-Далели мустаҳаб будани зикри махсуси баъд аз вузӯ. Дар ин мавзӯъ дар ривояти “Саҳеҳи Муслим” Пайғамбар (с) чунин гуфтааст:
“مَا مِنْكُمْ مِنْ أَحَدٍ يَتَوَضَّأُ فَيُبْلِغُ أَوْ فَيُسْبِغُ الْوَضُوءَ ثُمَّ يَقُولُ:أَشْهَدُ أَنْ لَا إِلَهَ إِلَّا اللهُ وَأَنَّ مُحَمَّدًا عَبْدُ اللهِ وَرَسُولُهُ إِلَّا فُتِحَتْ لَهُ أَبْوَابُ الْجَنَّةِ الثَّمَانِيَةُ يَدْخُلُ مِنْ أَيِّهَا شَاءَ”.(كذا في صحيح مسلم 1/ 209/ 17 عَنْ عُقْبَةَ بْنِ عَامِرٍ)
“Ҳар касе аз шумоён агар ба таври комил вузӯ бигирад ва сипас бигӯяд: “Ашҳаду ан ло илоҳа иллаллоҳ ва анна Муҳаммадан абдуллоҳи ва расулиҳи”, ҳашт дари биҳишт ба рӯяш боз мешавад, ки аз ҳар кадомаш бихоҳад метавонад бидарояд”.


