Тафсири Сураи Касас Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Қасас Ояти 7
وَاَوۡحَيۡنَاۤ اِلٰٓى اُمِّ مُوۡسٰٓى اَنۡ اَرۡضِعِيۡهِۚ فَاِذَا خِفۡتِ عَلَيۡهِ فَاَلۡقِيۡهِ فِى الۡيَمِّ وَلَا تَخَافِىۡ وَلَا تَحۡزَنِىۡۚ اِنَّا رَآدُّوۡهُ اِلَيۡكِ وَجٰعِلُوۡهُ مِنَ الۡمُرۡسَلِيۡنَ ٧
Ва авҳайна ила умми Муса ан арЗиъӣҳ. Фа иза хифти ъалайҳи фа алқӣҳи фи-л ямми ва ла тахофӣ ва ла таҳзани. Инна раддуҳу илайки ва ҷаъилуҳу мина-л-мурсалӣн. 7.
7. Ва ба сӯи модари Мӯсо илҳом фиристодем, ки «Шир бидеҳ ӯро, пас, чун бар вай битарсӣ, ӯро дар дарё бияндоз ва матарс ва андӯҳ махӯр, ҳаройина, Мо ӯро ба сӯи ту бозрасонанда ва ӯро аз пайғамбарон гардонанда ҳастем!».
Ояти мазкур намунаест аз пирӯзии мустазъафон бар мустакбирон ва пирӯзии иродаи Аллоҳ бар иродаи ҷабборон. Худованд дар ин оят аз достони Мӯсо (а) хабар додааст, ки чун Мӯсо (а) таваллуд шуд, дар қалби модари ӯ илҳом бахшидем, ки чун хафви ҳалоки фарзанди худро аз Фиръавн ёфтӣ, ӯро аз шири худ макону дар рудхонаи Нил бияндоз ва аз ғарқу зойеъ шудани ӯ матарс ва аз фироқу ҷудоии ӯ ғам махӯр, Мо ӯро бо тарзе, ки наҷоти ӯ дар вай аст, дар замони наздик ба ту бармегардонем ва ӯро аз ҷумлаи Пайғамбарони Худ қарор хоҳем дод.
Барои маълумоти бештар ба ояти 39-уми сураи «То,ҳо» муроҷиъат шавад. Муфассирон гуфтаанд, дар ин ҷо калимаи (ваҳй) ба модари Мӯсо (а) ва барои замбӯри асал дар сураи «Наҳл» ояти 68-ум ба маънои илҳоми Илоҳист на чунон ваҳйе, ки ба Пайғамбарон меояд. Зеро модари Мӯсо (а) пайғамбар набуд ва ҳеҷ зане пайғамбар нашудааст. Дар ин ҷо ояти мазкур ду амру ду наҳй ва ду башоратро дар худ ҷамъ кардааст. Ду амр: Ӯро маккон ва дар рӯдхонаи Нил парто! Ду наҳй: Натарс ва андӯҳгин мабош! Ду башорат: ӯро ба ту бармегардонем ва Ӯро аз ҷумлаи пайғамбарон қарор медиҳем. Хулоса, он чӣ Худованд дар дили модари Мӯсо (а) илҳом андохт, модари Мӯсо (а) амри Худоро иҷро кард.
МАСНАВӢ
Модари Мӯсо чу Мӯсоро ба Нил,
Дарфиганд аз гуфтаи Раббул-Ҷалил,
Худ зи соҳил кард бо ҳасрат нигоҳ,
Гуфт к-ой фарзанди хурди бегуноҳ,
Гар фаромӯшат кунад, лутфи Худоӣ,
Чун раҳӣ з-ин киштии бенохудоӣ.
Ваҳйи омад, ки-н чӣ фикри ботил аст,
Раҳрави мо инак андар манзил аст.
Мо гирифтем он чиро андохтӣ!
Дасти ҳаққро дидию нашнохтӣ
Сатҳи об аз гаҳворааш хубтар бувад,
Дояаш селобу мавҷаш модар бувад.
Рӯдҳо аз худ на туғён мекунанд.
Он чӣ мегӯем мо,он мекунанд.
Мо ба дарё ҳукми тӯфон медиҳем,
Мо ба селу мавҷ фармон медиҳем.
Нақши ҳастӣ, нақше аз айвони мост.
Хоку боду об саргардони мост.
Беҳ, ки баргардию ба мо биспорияш,
Кай ту аз мо дӯсттар медорияш?
(Иътисом)
Давоми қиссаро аз забони оятҳои баъд хоҳем шунид.
Рӯйхати оятҳои Сураи Қасас «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «