Он таҳорат, ки қисму ҷисм омад,
Зоҳиратро ҳам се қисм омад.
Тан ба ғуслу вузӯ чу пок кунӣ,
Об агар нест қасди хок кунӣ.
Асли ҳар се навъро гӯем,
Зон, ки ҷавгони шаръро гӯем.
Дар таҳорат фаризаву суннат,
Бар ту хонам равону беминнат.
Пас баёни намозу рӯза кунем,
Тушаи умри панҷрӯза кунем.
БАЁНИ МАЪНО
Таҳорати махсуси бадан се навъ мешавад:
1- Вузӯ, яъне обдасти барои намоз ва барои ба даст гирифтани Қуръон.
2- Ғусл, яъне шустани тамоми бадан баъди расидани ҷанобат барои мардон ва занон ва баъди пок шудани аз ҳайз, яъне хӯни моҳёна ва нифос, яъне хӯни баъди валодат барои занон.
3-Таямум, яъне таҳорати махсуси бо хоки пок ё гарди он, ки монанди вузӯ аст ва дар ҳолатҳои махсуси набудани об ё зарар кардани об ба ҷои вузӯ ва ғусл анҷом дода мешавад.
Таҳорати бадан фарзҳо ва суннатҳо дорад, ки мо онҳоро баён хоҳем кард ва баъди баёни он намозу рӯзаро баён менамоем ва ин амали худро туша ва захира барои охиратамон мекунем.
БАЁНИ ДАЛЕЛҲО
Агар пурсанд, ки бо кадом далел таҳорати махсуси баданро се навъ мегӯед?
Ҷавоб мегӯем, ки далел ояти шашуми сураи “Моида” аст:
{يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا إِذَا قُمْتُمْ إِلَى الصَّلَاةِ فَاغْسِلُوا وُجُوهَكُمْ وَأَيْدِيَكُمْ إِلَى الْمَرَافِقِ وَامْسَحُوا بِرُءُوسِكُمْ وَأَرْجُلَكُمْ إِلَى الْكَعْبَيْنِ وَإِنْ كُنْتُمْ جُنُبًا فَاطَّهَّرُوا وَإِنْ كُنْتُمْ مَرْضَى أَوْ عَلَى سَفَرٍأَوْ جَاءَ أَحَدٌ مِنْكُمْ مِنَ الْغَائِطِ أَوْلَامَسْتُمُ النِّسَاءَ فَلَمْ تَجِدُوا مَاءً فَتَيَمَّمُوا صَعِيدًا طَيِّبًا فَامْسَحُوابِوُجُوهِكُمْ وَأَيْدِيكُمْ مِنْهُ مَا يُرِيدُ اللَّهُ لِيَجْعَلَ عَلَيْكُمْ مِنْ حَرَجٍ وَلَكِنْ يُرِيدُ لِيُطَهِّرَكُمْ وَلِيُتِمَّ نِعْمَتَهُ عَلَيْكُمْ لَعَلَّكُمْ تَشْكُرُونَ} (المائدة: 6)
“Эй муъминон! Ҳангоме, ки барои намоз бархестед, рӯйҳо ва дастҳои худро ҳамроҳ бо оринҷҳо бишӯед ва бар сарҳои худ масҳ бикашед ва пойҳоятонро ҳамроҳ бо буҷулакҳо бишӯед. Агар ҷунуб бошед ҳамаи бадани худро бишӯед! Ва агар бемор бошед ё мусофир ё ки яке аз шумо аз қазои ҳоҷат баргашт ё бо занон алоқаи ҷинсӣ кардед ва об пайдо накардед, бо хоки пок таямум бикунед. Ба ин тариқа, ки бо хоки пок рӯйҳо ва дастонатонро масҳ бикашед. Аллоҳ намехоҳад шуморо дар машаққат бияндозад, валекин мехоҳад шуморо пок бисозад ва неъмати худро барои шумо комил намояд, шояд, ки шукрашро ба ҷой оваред”.
Аз ин ояти карима чанд умури муҳимро дониста мешавад:
1-Таҳорат, яъне покии бадан аз ҳадаси асғар ва акбар барои дуруст шудани намоз фарз аст. Ҳадаси асғар бетаҳоратиро мегӯянд, ки бо вузӯ яъне обдаст кардан рафъ мешавад ва ҳадаси акбар ҷанобат аст, ки бо ғусл кардан бардошта мешавад.
2-Фарзҳои вузӯ иборат аз шустани рӯй, дастҳо ҳамроҳи оринҷҳо, масҳ кашидани сар ва шустани пойҳо ҳамроҳи буҷулакҳо аст.
3-Ҷанобат, яъне ҳадаси акбар бо ғусл, яъне шустани тамоми зоҳири бадан рафъ мешавад.
4-Агар касе дар сафар бошад ва об барои вузӯ ё ғуслаш наёбад ва касе бемор бошад, ки вузӯ ва ғусл кардан бо об барояш зарар бикунад ва шахси баъди қазои ҳоҷат ва ё алоқаи ҷинсӣ об пайдо накунад, таямум мекунад.
5-Таямум иборат аз як маротиб дастонро бар хоки пок задан ва он хокро аз кафҳои даст пуф кардан, ки кам шавад ва баъди он кафҳои дастонро бар рӯй кашидан аст. Инчунин бори дигар кардан ва дастонро масҳ кашидан аст.
Яке аз далелҳои тариқаи дурусти таямум ривояти “Саҳеҳи Бухорӣ” аст, ки дар он Пайғамбар (с) чунин фармудааст:
“عَنْ عَبْدِ الرَّحْمَنِ بْنِ أَبْزَى،قَالَ: جَاءَ رَجُلٌ إِلَى عُمَرَ بْنِ الخَطَّابِ، فَقَالَ: …فَقَالَ النَّبِيُّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ: «إِنَّمَا كَانَ يَكْفِيكَ هَكَذَا» فَضَرَبَ النَّبِيُّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ بِكَفَّيْهِ الأَرْضَ، وَنَفَخَ فِيهِمَا، ثُمَّ مَسَحَ بِهِمَا وَجْهَهُ وَكَفَّيْهِ”. (كذا في صحيح البخاري -1/ 75 338 – )
“Ҷуз ин нест, ки чунин бикунӣ бароят басанда аст; Сипас Пайғамбар (с) кафҳои дастонашро ба замин зад ва он хоки дар даст бударо пуф кард ва сипас бар рӯяш ва дастонаш масҳ бикашид”.
Далели бо гарду чанги хоки пок дуруст шудани таямум ривояти “Саҳеҳи Муслим”, ки дар он чунин омадааст:
“عن أَبُي الْجَهْمِ: «أَقْبَلَ رَسُولُ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ مِنْ نَحْوِ بِئْرِ جَمَلٍ، فَلَقِيَهُ رَجُلٌ فَسَلَّمَ عَلَيْهِ، فَلَمْ يَرُدَّ رَسُولُ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ عَلَيْهِ، حَتَّى أَقْبَلَ عَلَى الْجِدَارِ فَمَسَحَ وَجْهَهُ وَيَدَيْهِ، ثُمَّ رَدَّ عَلَيْهِ السَّلَامُ» (كذا في صحيح مسلم -1/ 281/ 114 – 369)
“Пайғамбар (с) аз тарафи “Чоҳи ҷамал” меомад, ки марде ба вай салом дод. Пайғамбар (с) дар ҳол ҷавоби саломашро нагардонид ва ба тарафи девор баргашт ва (дастонашро бар девор зад) ва ба рӯй ва дастонаш масҳ бикашид ва сипас ҷавоби саломи вайро баргардонид”.
Аз ҳадиси дуввум, ки дастонашро бар девор зада таямум кардааст, дониста мешавад, ки таямум бар асари хоки пок, яъне гарду чанг низ дуруст мешавад. Зеро мутобиқи муқтазои ин ҳадис ба девор дастонро задан ва масҳ кашидан дуруст мешавад, хоҳ девор сангӣ бошад ё хокӣ. Дар ҳар ду сурат даст ба хок назадааст, балки бар асари хок, яъне гарду чанги болои девор буда даст задааст. Агар инро дар назар бигирем, ки аксари деворҳои дар он замон дар Мадина буда аз санг бунёд мешуданд, матлаб равшантар мешавад.


