Сураи Қиёмат Ояти 36 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Киёмат Ояти 36 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Қиёмат Ояти 36

اَيَحۡسَبُ الۡاِنۡسَانُ اَنۡ يُّتۡرَكَ سُدًىؕ ٣٦

А-яҳсабу-л-инсану ай ютрака суда. 36.

36. Оё инсон гумон мекунад, ки ӯро муҳмал гузошта шавад?

Агар инсон ҳисоб кунад, ки ӯ дар ин дунё ва охират бекору муҳмал гузошта мешавад ва барои ӯ дар ин дунёву охират амру наҳю барзаху азоб нест ва бори дигар баъд аз мавт зинда гардонида намешавад, чунин гумон билкул хато аст. Инсон ҳайвон нест, ки аз ақл маҳрум ва аз амру наҳӣ озод бошад. Инсон, ки ақлу ҳуш дорад, бар ӯ амру наҳйи Аллоҳтаъоло ба воситаи Қуръони маҷид ирсол гардидааст ва ӯ вазифадор аст ба қадри тоқат ба он амал намояд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Қиёмат «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Қиёмат Ояти 35 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Қиёмат Ояти 37 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)