Тафсири Сураи Коф Ояти 34 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Қоф Ояти 34
اۨدۡخُلُوۡهَا بِسَلٰمٍؕ ذٰلِكَ يَوۡمُ الۡخُلُوۡدِ ٣٤
Удхулуҳа би салам. Залика явму-л-хулуд. 34.
34. «Дар ҳоли саломатӣ дар Биҳишт дохил шавед!». Ин аст рӯзи ҳамеша будан.
Ба онҳо, ки аз Аллоҳ таъоло битарсанд, Ӯро итоъат кунанд, ҳол он ки Ӯро надидаанд ва ба назди Ӯ таъоло бо дили аз шакку шубҳа холию саломат ва бо хушӯъу хузуъ (фурӯтанӣ ва хафв) ҳозир шаванд, гуфта мешавад, ки бе ғаму андӯҳ ва саломат ба Ҷаннат дохил шавед! Ин ҳамон макону рӯзиест, ки ба шумо абадулобод дода шудааст.
Албатта, Аллоҳ таъоло ба инсонҳои аз бузургӣ ва ғазаби Ӯ тарсида, дили худро аз ширк пок дошта, имони худро то лаҳзаи вопасини ҳаёт аз олоиш нигоҳ дошта, тамоми умр аз ҳудуди муайянкардаи Аллоҳ таъоло берун набаромада, аз гуноҳҳо пушаймон шуда, бо тавбаву истиғфор наздаш омаданд, подоши арзанда медиҳад. Фариштагон ба онҳо салом медиҳанд, саломи Худоро низ ба онҳо мерасонанд. Дар он рӯз ба касе ҳар чизе дода шавад, он ҷовидон аст, фанову нестшавӣ надорад. Аллоҳ донотар аст.
Ҳанӯз васфи насибаи муттақиён идома дорад:
Рӯйхати оятҳои Сураи Қоф «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «