Сураи Қоф Ояти 35 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Коф Ояти 35 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Қоф Ояти 35

لَهُمۡ مَّا يَشَآءُوۡنَ فِيۡهَا وَلَدَيۡنَا مَزِيۡدٌ ٣٥

Лаҳум-м ма яшауна фӣҳа ва ладайна мазӣд. 35.

35. Ҳар чӣ мехоҳанд дар Биҳишт барои онҳо ҳаст. Ва назди мо аз он ҳам зиёда ҳаст.

Дар зимни ин ояти карима Ӯ таъоло фармудааст, ки барои онҳое, ки ба Ҷаннат мушарраф мешаванд, он ҷо чӣ навъ неъмату фароғате дилашон мехоҳад, муҳайёст. Таъкиди Худованди банданавоз аст, ки аз он чӣ Ӯ таъоло барои парҳезгорон ваъда додааст, дар он ҷо аз он ҳам зиёдтар неъматҳо вуҷуд доранд. Ривоят шуда, ки он неъмат назар кардан ба сӯи ваҷҳи Аллоҳ таъолост. Албатта, ин беҳтарин неъматҳои Ҷаннат аст, зеро лаззати дидори Худованди таборак ва таъоло қиёс надорад.

Баъди он ки Аллоҳ таъоло парҳезгоронро чунин неъматҳо ваъда дод, барои бим додани кофирони Макка, бори дигар аз азоби ба сари қавмҳои кофири пешгузашта фурӯ омада ёдовар мешавад:


Рӯйхати оятҳои Сураи Қоф «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Қоф Ояти 34 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Қоф Ояти 36 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)