Тафсири Сураи Коф Ояти 40 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Қоф Ояти 40
وَمِنَ الَّيۡلِ فَسَبِّحۡهُ وَاَدۡبَارَ السُّجُوۡدِ ٤٠
Ва мина-л-лайли фа саббиҳҳу ва адбара-с-суҷуд. 40.
40. Ва баъзе аз вақтҳои шаб, пас, Аллоҳро тасбеҳ бигӯ ва баъд аз саҷдаи намоз (низ).
Ай ҳабибам, агар онҳо чунин сухани бузургро нафаҳманду боз ёвагӯии худро идома диҳанд, асло ту андӯҳгин мабош, сабр кун. Бигзор, онҳо ҳар чӣ мехоҳанд, бигӯянд. Ту пайваста ба ёди Парвардигори хеш ва гуфтани ҳамду санои Ӯ машғул бош. Зеро Ӯ таъоло чунин Зотест, ки тавонист Замину осмонҳо ва он чӣ дар миёни онҳост, бо санъати Худ офарид. Ӯ таъоло ба офариниш ва хароб кардани ҳар чиз қодиру тавоност. Ту Худои худро бо он сифоте ёд кун, ки ба он арзанда аст. Ҳамчунин пеш аз баромадани Офтоб намоз хон ва Ӯро ибодат бикун, ки вақти намози Фаҷр (Бомдод) аст. Ӯ Таъолоро пеш аз ғуруби Офтоб низ ибодат кун, ки он вақти намози Зуҳр (пешин ва аср) аст. (Номбарии ин ду намоз дар ин оят барои фазлу шарафи бузургии онҳост. Ин ду лаҳза барои ёд кардану ибодати он Зоти пок мақбулияти зиёде дорад). Инчунин дар ҳиссае аз шаб ба ибодати Парвардигори худ машғул бош, ки он вақти намози Таҳаҷҷуд аст. Дар охири намозҳои фарзӣ Аллоҳ таъолоро тасбеҳу зикр гуфта, ба некӣ ёд намо. Ин ривоятест аз ҳазрати Абдуллоҳ ибни Аббос (р)
Ибни Касир мегӯяд: «Пеш аз шаби Меъроҷ адади намозҳои фарзӣ ду ракаъат пеш аз тулӯъи Офтоб ба ҷои намози бомдод, ду ракъат пеш аз ғуруби Офтоб ба ҷои намози Аср буд. Баъди шаби Меъроҷ ҳамаи он намозҳои қаблӣ бо фарз гардонидани намозҳои панҷвақта бардошта шуд. Аз ҷумлаи он намозҳои панҷгона: намози бомдод пеш аз тулӯи субҳ, пешину аср пеш аз ғуруби офтоб. Валлоҳу аълам мурод аз истифодаи ибораи (минал-лайли) намози шом ва хуфтан дар назар дошташудааст».
Намози қиёми лайл ё таҳаҷҷуд (намозе, ки дар нимаи шаб хонда мешавад) барои Расулуллоҳ (с) воҷиб буд. Барои умматони Расулуллоҳ тақрибан то як сол воҷиб буд ва пеш аз шаби Меъроҷ воҷибияти он аз умматони Расулуллоҳ (мансух) бардошта шуд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Қоф «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «