Тафсири Сураи Коф Ояти 41 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Қоф Ояти 41
وَاسۡتَمِعۡ يَوۡمَ يُنَادِ الۡمُنَادِ مِنۡ مَّكَانٍ قَرِيۡبٍۙ ٤١
Вастамиъ явма юнади-л-мунади мим маканин қарӣб. 41.
41. Ва бишнав, рӯзе ки овоз диҳад овоздиҳанда аз ҷои наздик.
Ай мухотаб, бишнав овозеро, ки фарёдкунанда аст мардумро! Он сури ҳазрати Исрофил (а) аст. Овози ӯ чунон садо медиҳад, ки шунаванда гумон мекунад, ки он аз наздик аст. Аз ҷумла ӯ (а) чунин садо мекунад: «Ай устухонҳои пӯсида, ай рагу пайвандҳои аз ҳам ҷудошуда, ай мӯйҳои парешоншуда, Худованд ба шумо амр мекунад барои фасли қазо, ба ҳам биёед». Ин фарёди ҳазрати Исрофил (а)-ро ҳама мешунаванд. Худованд донотар аст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Қоф «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «