Сураи Қурайш – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Курайш – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Қурайш 106-уми сураи Қуръон буда, дар Маккаи мукаррама нозил шуда, аз 4 оят иборат аст.

Ин сура аз неъматҳои бузурги Аллоҳтаъоло, ки ба аҳли Макка насиб гардонидааст, сухан мекунад. Аҳолии атрофи Каъбаро асосан қабилаи Қурайш ташкил мекарду онҳо хизмати ҳоҷиёнро адо мекарданд.

Аҳли Макка, ки дар асл тоҷир буданд, ба тарафи Яман ва Шом барои тиҷорат сафар мекарданд. Ин сура дар хусуси сафарҳои онҳо ва аз ҷониби тамоми мардум соҳиби эҳтиром будани онҳо сухан мекунад.

Инчунин ду неъмати бузурге, ки Худованд ба онҳо инъом намудааст: яке боигарию фарохдастӣ, дигаре эминӣ аз ҳар хавф, баён месозад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Қурайш «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Фил Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Қурайш Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)