Сураи Фил Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Фил Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Фил Ояти 5

فَجَعَلَهُمۡ كَعَصۡفٍ مَّاۡكُوۡلٍ ٥

Фа ҷаъалаҳум ка ъасфи-м маъкул. 5.

5. Пас, онҳоро монанди коҳи нимхӯрда (поймолшуда) гардонид.

Худованд сарбозони Абраҳаро ба воситаи он паррандагон чунон саркӯб кард, ки оқибат дар майдони ҷанг монанди тӯдаи коҳ (пасхӯрди чорпоён) зери по шуда, парешон ва хору залил гаштанд.

Абраҳа низ аз захми он сангчаҳо эмин намонд. Дар тани ӯ ҷароҳате пайдо шуд. Нохун ва ангуштонаш мисли чӯби пӯcида аз ҳам ҷудо шуда мерехтанд. Бо ҳамин азоб ба Санъо расид ва аз дарду ранҷи сахт ҷон дод.

Қиссаи дар ин сура нақлшуда, барои инсони оқил ва хушфаҳм дарси ибрат аст.

Поёни сураи “Фил”. Валиллоҳил ҳамд.

Адибе гуфтааст.

Ҳамчу он асҳоби фил андар Ҳабаш,

Каъбае карданд, Ҳақ оташ задаш.

Қасди Каъба сохтанд аз интиқом,

Ҳолашон чун шуд, фурӯ хон аз Калом!

Лашкареро мурғаке чанде шикаст,

То бидонӣ к-ин салобат аз ҳаққ аст.

Гар туро васвос омад з-ин қабил,

Рав бихон ту сураи асҳоби фил.

Навишт хомаи тақдир бар ҷаридаи даҳр,

Хате, ки фаътабиру ё улил обсор.

Фарқ аст миёни он ки аз рӯйи яқин,

Бо дидаи бино равад андар раҳи дин.

Бо он ки ду чашми баста бедаст касе,

Ҳар гӯша ҳамеравад ба занну тахмин.


Рӯйхати оятҳои Сураи Фил «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Фил Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Қурайш – Тафсири Осонбаён (Қуръон)