Пойафзолро аз чӣ тайёр мекунанд?

0

Пойафзол пойҳои моро аз таъсири обу ҳаво ва намии замин эҳтиёт мекунад. Пойафзолро аз чӣ тайёр мекунанд?

Вобаста ба мавсими сол, ҳарорат, мавсими хушкӣ ва боришот пойафзоли мувофиқ интихоб карда мешавад. Барои ин материалҳои мувофиқ истифода мекунанд.

Асосан барои истеҳсоли пойафзор чарм (пӯсти гов ё хук) истифода мешавад. Ҳамчунин барои истеҳсоли пойафзол нахҳои бофандагӣ, аз қабили пахта ва нахҳо сунъӣ, пӯст, ки аз материалҳои табиӣ фарқ намекунанд, истифода мешаванд.

Резин ва каучук барин материалҳо дар пойафзол барои аз борон ва намӣ эҳтиёт намудани пой истифода бурда мешавад.

Ҳоло материалҳои зиёди эластикӣ (қайиш) маълуманд, ки хусусияташон аз материалҳои табиӣ аз қабили нахҳои бофандагӣ ва маводи чармӣ фарқ намекунанд.


Инчунин хонед >>

Мақолаи қаблӣИстеҳсолоти конвейерӣ чист?
Мақолаи баъдӣКоркарди чарм (пуст) барои истеҳсоли пойафзол