4 намуди аҷиби андоз

0

Маҷаллаи «Форбс» рӯйхати андозҳои ғайриодиеро пешниҳод кард, ки воқеан ҷолиби диққатанд. Таваҷҷуҳ кунед:

1. Бо вуҷуди вазъи орому осудаи Гвинея, сокинон барои сулҳ андоз месупуранд.

2. Сайёҳоне, ки ба ҷазираи Болеарии Испания сафар мекунанд, муваззафанд ҳар рӯз барои офтобхӯрӣ 1 евро пардохт намоянд.

3. Агар раваду даст ё пойи сайёҳони лижарони Австрия шиканад, танҳо пас аз супурдани андози махсус духтур онҳоро гаҷбандӣ (гипс) мекунад.

4. Барои коҳиш додани дарахтбурӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин қонуне қабул шуд, ки мувофиқи он барои ҳар ҷуфти чӯбчаи хӯрокхӯрӣ аз шаҳрвандон ба андозаи 5 дарсади арзиши он андоз ситонда мешавад.

 

Мақолаи қаблӣШэри Мобли – зане, ки вазни аз худаш ду баробар зиёдро мебардорад
Мақолаи баъдӣ«Ҷарии канори майдони ҷавдор»

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед