Сураи Марям Ояти 18 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Марям Ояти 18 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Марям Ояти 18

قَالَتْ إِنِّي أَعُوذُ بِالرَّحْمَٰنِ مِنْكَ إِنْ كُنْتَ تَقِيًّا ١٨

Қолат инни аъузу би-р-Раҳмани минка ин кунта тақиййа. 18.

18. Гуфт: «Ҳаройина, ман аз ту ба Худо паноҳ мебарам, агарчи парҳезгор ҳам бошӣ!»

Марям (а) дар домони падару модар ва устодони покдомон парвариш ёфта буд ва худ низ покдомон ва бо иффат буд. Аз ин сабаб, ҳангоме ки ҷавони зебо ва хушқомат мехост ба хилватгоҳаш дохил шавад, аз тарс ва даҳшат фарёд кашид, ки ман аз қасди бади ту ба Худои меҳрубон паноҳ мебарам. Агар парҳезгору Худотарс бошӣ, ба қафо баргард, ба ман наздик машав, битарс, ки Худо ҳимоятгари бекасон аст. Хулоса, чун Ҷабраил (а), ки аз тарафи Худо омада буд, хабареро ба Марям (а) расонда:


Рӯйхати оятҳои Сураи Марям «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Марям Ояти 17 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Марям Ояти 19 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)