Тафсири Сураи Марям Ояти 87 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Марям Ояти 87
لَا يَمْلِكُونَ الشَّفَاعَةَ إِلَّا مَنِ اتَّخَذَ عِنْدَ الرَّحْمَٰنِ عَهْدًا ٨٧
Ла ямликуна-ш-шафаъата илла маниттахаза ъинда-р-Раҳмани ъаҳда. 87.
87. Шафоъат карда натавонанд, магар касе ки аз назди Худованд аҳде гирифтааст.
Шахсоне, ки ба ворид шудан ба Ҷаҳаннам маҳкум мешаванд, агар тасаввур кунанд, ки бо шафоъати касе метавонанд аз азоби Дӯзах наҷот ёбанд, бояд бидонанд, ки онҳо ҳаргиз касе, ё чизеро намеёбанд, ки шафоъаткунанда бошаду, онҳоро назди Худованд зону зада, шафоъат кунад. Худашон низ аз мартабаи шафоъат маҳрум буда, касеро шафоъат карда наметавонанд. Магар танҳо касоне молики шафоъатанд, ки онҳо назди Худованде, ки Раҳмон аст, аҳду паймоне доранд. Муфассирон аҳди назди Парвардигорро чунин тафсир кардаанд: Гувоҳӣ додан ба ягонагии Парвардигор бо тамоми қалб, ширк наовардан ба Ӯ ва намудор будани осор ва таъсири имон ба Худои азза ва ҷалла дар тамоми барномаҳои зиндагии ӯ. Хулоса, ҳатто шахсони муттақӣ (парҳезгор) дар мавриди шахсони кофири ба Ҷаҳаннам воридшуда ихтиёри шафоъатро надоранд. Онҳо метавонанд баъди иҷозат додани Парвардигор, фақат муъминонро шафоъат кунанд. Яъне онҳо гӯянда ва бо қалб тасдиқкунандаи калимаи «Лоилоҳа иллаллоҳ» бошанд ва чизеро ба Худои Субҳон шарик насохта бошанд. Яке аз намунаҳои аҳде, ки банда ба Худои худ мебандад, бо ривояти Ибни Масъуд (р) дар ҳадиси Шариф чунин аст. Расулуллоҳ (с) фармуданд: «Оё яке аз шумо наметавонад ҳар субҳу шом аз Худои азза ва ҷалла барои худ аҳде бигирад?». Асҳоб гуфтанд: «Ё Расулуллоҳ, чаро не. Он аҳд чист?». Расулуллоҳ (с) фармуданд:
«Аллоҳумма фотирас-самавати вал арз. Ъалимил ғайби ваш-шаҳадаҳ. Инни аъҳиду илайка фи ҳазиҳил-ҳаётид-дунё бианни ашҳаду алла илаҳа илла анта ваҳдака ла шарика лак. Ва анна Муҳаммадан ъабдука ва русулук. Фала такилни ила нафси. Фаиннака ин такилни ила нафсӣ тубаъидни минал хайри ва туқаррибуни минаш-шар. Ва инни ла асиқу илла бираҳматик. Фаҷъал ли ъиндака ъаҳдан туваффиниҳи явмал қиёмаҳ. Иннака ла тухлифул миъад».
Тарҷума: «Бор Худоё! Эй офарандаи осмонҳо ва Замин! Эй донои пинҳону ошкор! Ман ба Ту дар ин зиндагии дунё аҳд мебандам ва гувоҳӣ медиҳам ба ин ки ҷуз Ту Худои ягона Худое нест ва мар Туро шарике нест. Гувоҳӣ медиҳам, ки Муҳаммад банда ва фиристодаи Туст. Пас, маро ба худам во магзор, зеро агар маро ба худам во гузорӣ, маро аз хайр дур ва ба шарр наздик кардаӣ. Ҷуз ба раҳмати Ту ман такягоҳе надорам. Пас, барои ман назди Худ аҳде қарор деҳ, ки дар рӯзи Қиёмат онро бароям, вафо кунӣ! Бе шак, Ту ваъдаро хилоф намекунӣ!».
Пас, чун ин дуъоро бихонад, Худои азза ва ҷалла бар вай муҳре ниҳода, сипас онро дар зери Арши худ мегузорад ва чун рӯзи қиёмат фаро расад, нидодиҳандае нидо сар дода мегӯяд: «Куҷоянд касоне, ки назди Худованди, ҷалла ҷалолуҳу, аҳду паймон доранд?». Он гоҳ он бандаи муъмине, ки ин дуъоро хондааст, бармехезад ва вориди Биҳишт мешавад.» Валлоҳу аълам. Дар оятҳои зер гуноҳи бузурге, ки аз мушрикон сар мезанад, баён мешавад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Марям «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «