Тафсири Сураи Марям Ояти 88 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Марям Ояти 88
وَقَالُوا اتَّخَذَ الرَّحْمَٰنُ وَلَدًا ٨٨
Ва қолу-т-тахаза-р-Раҳману валада. 88.
88. Ва гуфтанд: «(Худои) Раҳмон фарзанд гирифтааст».
Кофирону мушрикон бе ягон санаду далел дар шаъни Аллоҳ таъоло чандин суханҳои нодурустро мегӯянд, ки бисёр гуноҳи бузургу нобахшиданист. Аз он ҷумла, яҳудиён Узайр (а)-ро писари Худо ҳисобиданд. Насоро ҳам ҳазрати Исо (а)-ро фарзанди Худо меҳисобанд. Арабҳои мушрик бошанд, фариштагонро духтарони Худо гуфтанд. Дар ҳақиқат гуфтани чунин сухан, ё доштани чунин эътиқод ниҳоят кори баду гуноҳи бузург аст. Худованд барои дилкӯб кардани ингуна шахсон дар ояти зер гуфтааст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Марям «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «