Дар ин сахифа якчанд шеър аз устод Толиб Озарахш оварда мешаванд. Устод Озарахш Шоири халқии Тоҷикистон. Шеърхои Озарахш, шеъри Озарахш, Шеърҳо аз шоир Озарахш дар ин саҳифа оварда мешаванд >>

Майдони сухан минбари ҳар беҳунаре нест,
Девони чаман дафтари ҳар бехабаре нест.
Бо аҳли назар сози баланде бинавозанд,
Як зарб дар ин парданаво бе назаре нест.
Бозори адаб ҳоҷати даллол надорад,
Эъҷоз зари кисаи ҳар бадгуҳаре нест.
Гӯё, бифурӯшанду харанд аҳли қаламро,
Онон, ки ҳавасбораашон бори харе нест.
Баъди ду зимистон чу биҷӯӣ хасашонро,
Биллоҳ асаре нест, асаре нест, асаре нест!
Бе рӯву риё вақт бигӯяд, ки чӣ монад,
Таҳқиқи ғазал пешаи ҳар раҳгузаре нест…
Аз вазни сухан бехабарӣ, лоф чӣ дорӣ,
Расво кунад он ҳарф касеро, ки саре нест!
Эй навсафар, аз гавҳари ҷон тӯшаи раҳ соз,
Бар мулки сухан ғайри Худо роҳбаре нест!
Тири ноҳақ пора кай созад дили ҳақҷӯйро?
Синаи афсонасози тоири ҳақгӯйро!
Зиндагӣ дар пеши мардони Худо бечорааст,
Ишқ медонад, ки чист ин марги рӯёрӯйро!
Қатраи хуне, ки бар санги замон афтодааст,
Мекунад рангин хаёли чашмарову ҷӯйро.
Решаи садбарги боғи шоир андар оби чашм,
То қиёмат зинда медорад дили худрӯйро.
Дар Зарафшон дафтари Ҳиндустони дигарест,
Хомаи Бедил расида кӯҳрову кӯйро.
То Самарқанду Бухоро зарри холис мекашад,
Қад-қади рӯди Зарафшон ошиқи заршӯйро.
Озарахш, аз Туғрали авҷи сухан бигрифтаам,
Бо дуъои Рӯдакӣ ин гулбуни хушбӯйро!
Шеърҳои нави шоир дар ҳамин саҳифа оварда мешаванд.


