Маснави дар васфи Домулло Хикматулло Точикободи

0

Домулло Хикматулло. Дар ин саҳифа як маснавии хубе дар васфи Домулло Хикматуллохи Точикободи оварда мешавад. Маснавӣ аз тарафи Сафармуҳаммад Айюбӣ навишта шудааст ва маълумот дар бораи зиндагӣ ва ҳаёти Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ оварда шудааст. Марҳамат хонед ба дӯстонатон равон кунед >>

ШАЙХ ҲИКМАТУЛЛОҲИ ҒИЛМОНӢ (Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ)

Бисмиллоҳи-р-раҳмони-р-раҳим

Худоё, хони моро нур бахшо,
Худоё, базми моро сур бахшо.

Сухан дар косаи сар пухта гардон,
Маро дар пухтагӣ омухта гардон.

Забонам акси дил манмо, Худоё,
Забони аксро макшо, Худоё.

Забонро чун қалам ман тез кардам,
Зи байти ноб дастовез кардам.

Гирифтам оҳуи илҳом дар банд,
Сурудам васфи мардони ҳунарманд.

Ба кор ояд агар марди ҳунарвар,
Хароше кай хурад дар пою дар сар

Бувад ранҷи ҳунарвар роҳати мо,
Бувад ҳарфи ҳунарвар тоати мо.

Ҳунарвар гар қадам монад ба мазмун,
Кашад хуршедро аз абр берун.

Ҳунарварро бувад оина дунё,
Кунад ойин аз ин оина пайдо.

Ҳунар бошад, давон ояд ҳама чиз,
Давон оянд бар пешат шаҳон низ.

Сано гӯем бар марди ҳунарвар,
Сано бар шохае, к-ӯ медиҳад бар.

Сано бар модари поку барӯманд,
Ки эҳдо кард бар мо турфа фарзанд.

Ҳамон тифле, ки марди раҳнамо шуд,
Ҳама ақвом ӯро ошно шуд.

Ҳамон тифле, ки марди ҳақнигар шуд,
Ба ҳифзи дин ҳақиқатро сипар шуд.

Чунон тифле, ки шуд марди дарунбин,
Рабуд аз синаҳо дарду ғаму кин.

Сано бодо ба он тифле, ки шуд мард,
Футувватро дирафши ал-ҳудо кард.

Ба аҳди бист, дар фасли арӯсӣ,
Ба милодӣ ҳазору нӯҳсаду сӣ

Чунин тифли накӯ дар хоки Раштон
Таваллуд гашт дар қишлоқи Ғилмон,

Ки Фатҳуллоҳи шайх ӯро падар буд,
Худододи қазо буду қадар буд.

Ҳаме аз сидқи дил, бо ҳукми Аллоҳ
Падар бинҳод номаш Ҳикматуллоҳ.

Будӣ дар чашми кӯдак ҳикмати беш,
Ҳувайдо дошт нури ҳиммати хеш.

Хати ҳақ дар кафи дасташ набишта,
Сиришташро ба нури ҳақ сиришта.

Будаш тарҳи раҳи ҳақ дар кафи по,
Хати шарҳи раҳи ҳақ дар кафи по.

Каломи ҳақ набишта дар забонаш,
Табассум бол мезад аз лабонаш.

Ба мардум мардуми чашмаш даво дошт,
Сари ҳар тори мижгонаш наво дошт.

Ба пешониш буд паҳно намоён,
Набуд паҳнои ӯро ҳеҷ поён.

На ҳар кас ҳарчӣ дар ӯ буд, медид,
Замирашро на ҳар кас зуд медид.

Чу тифли безабон бар гап даромад,
Шуҷоат дар лабаш бар мазҳар омад.

Чу Луқмон ӯ сухан дар маҳд мегуфт,
Ба лафзи кӯдакӣ чун шаҳд мегуфт.

Ба гӯше гар намегунҷид ҳарфаш,
Намекард ӯ нигаҳ боре ба тарфаш.

Будӣ ӯ дар шумори хушзуҳурон,
Муҳаббат дошт ӯ бар ҳарфи Қуръон.

Ба синни шаш будӣ зеҳнаш мунаввар,
Алифбои арабро кард аз бар.

Чу соли бистро ӯ кард тасхир,
Тамоми ояҳоро кард тафсир.

Ба ҳар ҷое, ки буд пири тариқат,
Шунидаш гар, бидодаш беш диққат.

Яке буд Ҷӯрабек он марди доно,
Ки буд рухсораи ӯ лавҳи хоно.

Будӣ Одина – домуллои дилбин,
К-аз ӯ омӯхт дарси дину оин.

Аз ин пас Хӯҷаи дар фазл ҳақзод
Ба ӯ таълими роҳи ал-ҳудо дод.

Муҳаммадҷони мавлои сухандон,
Ба ӯ бахшид дарси фазли Қуръон.

Даме аз Абдураҳмонҷони эшон,
Сабақ бигрифт аз тооти Қуръон.

Чу аз эшони Шояғзи Бухоро,
Гирифт ӯ панд, шуд дар қалб доро.

Ҳама буданд пирони тариқат,
Сипар дар ҷодаи адлу ҳақиқат.

Бикард ӯ хешро дар хеш тасхир,
Гирифт он дам дуои ҳазрати пир.

Ки худ пири тариқат гашт имрӯз,
Аламдори ҳақиқат гашт имрӯз.

Хулоса, илм ҷусту дониш андӯхт,
Дили худро мисоли шамъ афрӯхт.

Кунун аз ҳурмату подоши ҳурмат
Басе ӯ мекунад нақлу ривоят.

Ба милодӣ, ба сайфимоҳи ҳаштум,
Ҳазору нӯҳсаду панҷоҳу ҳафтум.

Ба Қурған ҳазрати Одина баргашт,
Ҷароҳатманди дил дар сина, баргашт.

Кӣ буд Одина, як марди Худо буд,
Ки аз қалбаш малоик дар садо буд.

Будӣ донои доноёни даврон,
Будӣ ӯ дину оинро саробон.

Саропо баҳр аз маънои Қуръон,
Васият дар лабаш омад ба Қурғон.

Ҳикоят кард ӯ аз ҳаҷр чандон,
Ки чандин сол буд дар Узбакистон.

Агарчанде миёни анҷуман буд,
Ҳамеша дар сараш ёди Ватан буд.

Тамоми мардуми неку баҳиммат,
Пазироӣ намудандаш ба ҳурмат.

Яке гуфто:-Ба назди пир шояд,
Худи эшони Аҳмадхӯҷа ояд.

Яке гуфто:-Бирав, аз номи ҳазрат,
Ту Аҳмадхӯҷаро бинмой даъват!..

Будӣ эшони Аҳмадхӯҷа олим,
Яке қоиммақоми пири қоим.

Набуд дар фазлу дар ҳикмат ҳарифаш,
Шарофат дошт дидори шарифаш.

Чу исмаш ҳазрати Одина бишнид,
Зи соҳибхона узри беш пурсид.

Намуд он лаҳза бар ёрон ишорат,
Ки худ ӯ меравад аввал зиёрат.

Ҳама мардум сано хондaнд ӯро,
Хар оварданду биншонданд ӯро.

Бирафт ӯ ҷониби марди батадбир,
Зиёрат кард Аҳмадхӯҷаро пир.

Ба ҳам гаштанду бо ҳам боз гаштанд,
Ба ҳам як муддате ҳамроз гаштанд.

Саҳар шуд ҳазрати Одина бемор,
Будаш эшони Аҳмадхӯҷа ғамхор.

Зи рӯи эҳтирому меҳри ёрӣ
Шаборӯзӣ намудаш косадорӣ.

Чу арш аз рафтани эшон сало дод,
Ба Аҳмадхӯҷа Одина дуо дод.

Муридонро давоми хеш номид,
Сипас ӯ бар ҷавори ҳақ хиромид.

Чунин буд ҳурмати аҳли мусалмон,
Чунин буд эҳтироми аҳли имон.

Яке шаб Ҳикматуллаҳ хоб диданд,
Ҳамон шаб хоб аз ҳар боб диданд.

Ба хобаш Мавлавӣ¹ он шаб даромад,
Ба чашмаш деҳаи хушманзар омад.

Ҳамон боғе, ки бо он ошно буд,
Само дар оби ҷӯяш дар шино буд.

Будӣ хуршедро дар боғ лона,
Қамарро буд дар гирдоб хона.

Ситора буд дар пешонаи кӯҳ,
Гулоби нур дар паймонаи кӯҳ.

Насимаш накҳати боғи Ирам дошт,
Ситеғ аз обшоронаш алам дошт.

Сарандози сараш рангинкамон буд,
Раҳу пайроҳааш то осмон буд.

Халоиқ буд дар он мулки хуррам,
Ҳама бо ҳамдигар дилсӯзу ҳамдам.

Саҳар чун Ҳикматуллаҳ гашт бедор,
Хабар бишнид аз марди хабарёр,

Ки дар шаҳри Душанбе ҳафтаи чор,
Муҳаммадҷони пираш ҳаст бемор.

Ҳамоно субҳдам азми сафар кард,
Умеди дидани пири ҳунар кард.

Муҳаммадҷони мавлоро бидид ӯ,
Васиятҳои пирашро шӯнид ӯ.

Васиятҳо ба ҳар минвол бишнид,
Зи илми қолу илми ҳол бишнид.

Муҳаммадҷони пираш кард таъкид,
Ки бошад доимо дар роҳи тавҳид.

Ҳамеша хидмати пирон намояд,
Нуфуз аз хидмати пирон физояд.

Аз он пас ӯ кунад хизмат ба паймон,
Ба пеши Абдураҳмонҷони эшон.

Равад бар Оби Қанди мулки Раштон,
К-аз он ҷо оварад хидмат ба ёрон.

Зи таъкиди Муҳаммадҷони пираш,
Муҳаббат гашт боло дар замираш.

Ба сӯи Оби Қандак раҳсипар шуд,
Ба Оби Гарм рафту чорагар шуд.

Ҳамон боғе, ки дар хобаш даромад,
Бидид он деҳаро, хобаш баромад.

Тасанно бар Муҳаммадҷони доно,
Ки хобашро ҳақиқат карду хоно.

Аз ин пас Ҳикматуллоҳи ҷавонмард,
Васиятҳои пирашро алам кард.

Гирифт ӯ илми ҳақро ҳалқаи дар,
Даре шуд боз равшантар зи озар.

Ба девору ба дар бинмуд асар ӯ,
Сухан мегуфт аз девору дар ӯ.

Сиёҳиҳои мӯяш дошт шӯъла,
Сапедиҳои рӯяш дошт шӯъла.

Бишуд чун пири худ марди дилогоҳ,
Ҳилоли дил бишуд дар гунааш моҳ.

Набишт аз бидъати халқи мусалмон,
Ҳақиқат дар баёни ҳаққи Нуъмон.

Набишт аз фитрати Имоми Аъзам,
Ки дар ҳарфаш будӣ панди ду олам.

Набишт аз ҳикмати файзи зиёрат,
Набишт аз дасту пои ботаҳорат.

Фурӯ рафт ӯ ба чашми бози наргис,
Биҳиште ёфт дар эъҷози наргис.

Зи аҳди гул набишту сайри ибрат,
Набишт аз лоуболи аҳли ишрат.

Набишт ӯ аз адои ҳаҷҷи умра,
Ба дил будаш садои ҳаҷҷи умра.

Зи фарзи ҳоҷиён бикшод сафҳа,
Ба девони хирад бинҳод сафҳа.

Ба хуни чашму дил тар кард хома,
Набишт аз Мавлавӣ¹ ӯ панднома.

Китоби дигараш радди сареҳ аст,
Мухолифкорро ҳадди саҳеҳ аст.

Дар он бинвиштаҳо мекард талқин,
Халоиқро ба роҳи дину оин.

Зи ҳикмат Ҳикматуллаҳ панд мегуфт,
Ба ҳар як сафҳа банде чанд мегуфт.

Ки одам хокиву ҷон осмонист,
Басе оҳанги ҷон додан фиғонист.

Бубояд бар каси фарзона дил баст,
Ба пастӣ мекашад моро каси паст.

Ягона душмани мо ҳаст шайтон,
Гаҳе шӯ, гаҳ зани мо ҳаст шайтон.

Чу моҳӣ ҷавшани обӣ ба бар кун,
Чу маҳ тоҷи зарандуде ба сар кун.

Ҳазорон лаб пур аз хоки заминанд,
Ба лабҳо оҳҳои оташинанд.

Каси хушкор аз Ҳақ комёб аст,
Каси бадкор барҳақ дар азоб аст.

Касе бар дӯстӣ созад ҳидоят,
Кунад аз дину аз мазҳаб ҳимоят.

Тариқат ҳаст гар асли диёнат,
Намебояд тариқатро хиёнат.

Чу гунҷишкон мазан худро ба равзан,
Ки дунё ҳаст қасри шишаравшан.

Чу ҳарфат гуфтаи оқил набошад,
Каломат баҳри аҳли дил набошад.

Сари аблаҳ бувад мисли лаби ҷар,
Машав ғофил, к-аз он оӣ ту бо сар.

Магас ҳам дар само пар мекушояд,
Шамоли кӯча ҳам дар мекушояд.

Машав ғарра, аё марди худодод,
Ҷаҳон бо мансаби ту нест обод.

Ғамоварро бигардад дида ғамнок,
Нагардад аз палидӣ синааш пок.

Агар мардӣ ту, магзар аз ҳади худ,
Шавад ҳар мард монанди ҷади худ.

Бувад ҳар фардро хайру шари худ,
Шавад ҳар духт мисли модари худ.

Шавад аз дасти модар тифл пӯё,
Шавад аз шири модар тифл гуё.

Агар мулло надорад қалби огоҳ,
Ҷамоат ҳам шавад бефаҳму гумроҳ.

Чунин гуфтаст шайхи Ҳикматуллоҳ,
Сари ҳар сафҳааш бо ҳукми Аллоҳ.

Замоне ҷанг барпо гашт дар мулк,
Ки шуд он дам гирифтори хатар мулк.

Бишуд тоҷик ҳар ҷо тӯда-тӯда,
Ту гӯӣ ҷони миллат гашт суда.

Даҳанҳо чун садаф барбаста буданд,
Забонҳо гавҳари нораста буданд.

Бишуд имони халқи мо дунима,
Бишуд оини мардум қима-қима.

Куҷое буд як муллотароше,
Ба нохун дод дилҳоро хароше.

Куҷое буд як муллои оқил,
Ба ваҳдат хост дилҳоро бари дил.

Миёни шайху муллои дилогоҳ,
Будӣ шайхи тавоно Ҳикматуллоҳ.

Садо боло намуд ӯ рағми дунон,
Ба ҳифзи тоҷикону Тоҷикистон.

Хирадманд аз хурӯҷи ғаш натарсад,
Зи таҳдиди хасон оташ натарсад.

Ба мардум дод панди ҳамтариқӣ,
Ба назм овард ёриву рафиқӣ.

Бигуфто:- Дини ҳақро аҳли баддил,
Набигзоред бо олам муқобил!

Шавад хома ба рағми ҷаҳл наштар,
Бибуррад решаи бадро саросар.

Қалам дар хуни дилҳо ранг бигрифт,
Каф аз сангоби дилҳо санг бигрифт.

Бисозам ман аз ин сангу аз ин ранг,
Ҳисори сулҳ андар сангари ҷанг!

Забон ёбеду дил ёбед, эй халқ,
Асоси обу гил ёбед, эй халқ!

Бани одам, ки бо мо ҳамгинонанд,
Паи пайвастани дил бо забонанд.

Бувад Қуръон худ оинномаи сулҳ,
Бувад аз дину оин номаи сулҳ.

Ҷиҳод ар мекунӣ, рағми ғазаб кун,
Ба рағми тундиву зафъи асаб кун.

Ҷиҳод ар мекунӣ, бо хештан кун,
Ҷаҳолатро фирорӣ аз бадан кун.

Ҷиҳод ар мекунӣ, рағми хазон кун,
Биёр обу насими хуш вазон кун.

Ҷиҳод ар мекунӣ, бо дардҳо кун,
Барои гармии дилсардҳо кун.

Ҷиҳод ар мекунӣ, бо тирагӣ кун,
Фурӯзон шамъ рағми хирагӣ кун.

Ҷиҳод ин қатли кофар нест, охир,
Шикасти хонаву дар нест охир.

Ҷиҳод ин равшанӣ андохтанҳост,
Ҷиҳод ин кофтан, дил ёфтанҳост.

Барангезиш на маънии ҷиҳод аст,
Мусалмонӣ насиби некзод аст.

Касе, к-ӯ рағми одам дар ҷиҳод аст,
Варо хулқи шаётин дар ниҳод аст.

Касе, к-ӯ ҳизб месозад аз Ислом,
Ба бидъат медиҳад имкони иқдом!

Ки дину мазҳаби поки паямбар,
Надорад эҳтиёҷи ҳизби дигар!

Чунин мегуфт байни тӯдаҳо ӯ,
Барои ҷумлаи н-осудаҳо ӯ.

Ба ҳар ҷо по ниҳод ӯ, суд овард,
Сафо бар рағми сӯзу дуд овард.

Ба ҳар ҷо по ниҳод ӯ, хайр овард,
Мусалмонро бурун аз дайр овард.

Ба ҳар ҷо по ниҳод ӯ, бар маризон,
Шифо овард бо оёти Қуръон.

Нафас бахшид бар кӯтаҳнафас ӯ,
Бишуд бар нотавонон додрас ӯ.

Бишуд девона аҳл аз хониши ӯ,
Бишуд нодон бафаҳм аз дониши ӯ.

Ба роҳи сулҳу сози Тоҷикистон,
Басоҳо саҳм дорад шайхи Раштон.

Кунун ӯ ёздаҳ фарзанд дорад,
Басе хешу басе пайванд дорад.

Муридонаш, ки аз сесад зиёданд,
Ҳама донишварони некзоданд.

Ҳаме дар шаҳрҳои Узбакистон
Басо шогирдҳо доранд эшон.

Кунун ҳам толибони ӯ зиёданд,
Ки ҳар як доди донишро бидоданд.

Бародар дорад ӯ, дар фазли ҳақ шоҳ –
Ба исми хушсадои Неъматуллоҳ.

Бирафт ӯ дар тариқат зина-зина,
Басе дар Макка буду дар Мадина.

Ба се навбат ба Каъба ҳаҷ гузорид,
Зи гардун бар сари ӯ нур борид…

Ба соли дуҳазору панҷи милод,
Варо сӯи Душанбе кор афтод.

Барои фотиҳа дар иди Қурбон,
Ба Душанбе сафар бинмуд эшон.

Биёмад ӯ зи Раштони муборак
Ба қишлоқи шукуфони ҳисорак.

Биёмад матлаби дерина бар каф,
Шудам он дам ба дидораш мушарраф.

Чу бо ӯ рӯбарӯ гаштам, шудам пур,
Фузуд аз нури ӯ бар дидаам нур.

Нигаҳ кардам ба тарҳи рӯи покаш,
Фурӯ рафтам ба чашми тобнокаш.

Саволаш бо хаёлаш баҳс мекард,
Ҷамолаш бо камолаш баҳс мекард.

Масал, дар лаб саволаш буд зебо,
Парастуи хаёлаш буд зебо.

Ба зебоӣ ҷамолаш буд зебо,
Ба доноӣ камолаш буд зебо.

Замираш лоиқи рухсори ӯ буд,
Либосаш лоиқи гуфтори ӯ буд.

Сухан мегуфт ҳазрат канда-канда,
Будӣ ҳар нуктааш бар дил расанда.

Сараш хам буд мисли шохи пурбор,
Сари хам аз баландӣ дошт изҳор.

Чу меомад ба пешаш меҳмоне,
Ба по мехест монанди ҷавоне.

Саволаш менамуд ар кӯдаку пир,
Ҳамедод ӯ ҷавобашро ба тафсир.

Ҳамеша буд пои ботаҳорат,
Будӣ нури нигоҳаш пурҳарорат.

Адаб омӯхтам з-он хушадаб ман,
Насаб омӯхтам з-он хушнасаб ман.

Нигоҳаш дод маънӣ бар нигоҳам,
Фурӯзон гашт дар дил меҳру моҳам.

Маро бо ӯ будӣ се бор сӯҳбат,
К-аз он бисёртар гардид рағбат.

Аз он пас аз такаббур ор кардам,
Суханро дур аз озор кардам.

Ба субҳи дуввумини иди Қурбон,
Шудам аз сӯҳбати он шайх ҳайрон.

Авазро, баччаи Ҳикмат Ризоро,
Фиристод ӯ, биёрад то, ки моро.

Аваз чун гуфтаи ӯро расонид,
Фуруғи покро аз дил ҷаҳонид.

Чу буд дар ду кафи поям ҷароҳат,
Натонистам ба як ҳадде таҳорат.

Шудам омодаи дидори эшон,
Гирифтам роҳ бар сӯяш шитобон.

Нишастам рӯбарӯи шайх он субҳ,
Набудӣ дар вуҷудам заррае қубҳ.

Бигуфто шайх:- Пеш аз ҳар зиёрат,
Бубояд кард бо покӣ таҳорат.

Сипас ӯ аз таҳорат панд овард,
Зи пиронаш ҳикоят чанд овард.

Шудам ҳайрон, чӣ сон фаҳмид ҳазрат,
Ки н-овардам ба як ҳадде таҳорат.

Чунин марди ҳунар будаст ҳазрат,
Саропо чашми сар будаст ҳазрат.

Чу пурсидам ман аз тарзи ҳаёташ,
Чунин карданд ёронаш сифоташ:

Намедорад тамаъ аз ҳеҷ кас ӯ,
Надорад бар зару зевар ҳавас ӯ.

На аз шайхони узлатмазҳар аст ӯ,
Ба касбу кор орупарвар аст ӯ.

Бувад аз дину оин ифтихораш,
Хурад нони ҳалол аз кору бораш.

Ба меҳнат матлабашро ҷо ба ҷо кард,
Зи шаҳди ноб тасбеҳи Худо кард.

Бувад чашму лабаш аз бӯстон беҳ,
Кафи пояш зи рӯи нокасон беҳ.

Бувад бӯёии ӯ чун биҳиште,
Бувад ҷӯёии ӯ сарнавиште.

Ниҳонам ошкори дидаи ӯст,
Аёнам чеҳраи санҷидаи ӯст.

Кунун ӯ раҳнамо дар қолу ҳол аст,
Дар ин ду илм шайхи баркамол аст.

Валиинъому доно ҳаст ҳазрат,
Ба илми ҳақ тавоно ҳаст ҳазрат.

Сафобахши ҷигарҳои кабоб аст,
Валиэҳсони дилҳои хароб аст…

Агар муллои олам мисли ӯ буд,
Башар бо меҳру ёрӣ рӯбарӯ буд.

Омин, Аллоҳу Акбар.

Ин маснави аз ҷониби Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Сафармуҳаммад Айюбӣ дар таърихи 20-уми январи соли 2005 дар арафаи иди шарифи Қурбон, аз соати 2-30-и шаб то 7-и саҳар набишта, ба худи шайх тӯҳфа шуд.

Мақолаи қаблӣШаҳре, ки дар он мурдан манъ аст
Мақолаи баъдӣЗардушт кист? Оё у Паёмбар буд?