Витаминҳо моддаҳои ҳаётан муҳиманд. Онҳо ба бадани одам асосан ба воситаи хӯрдани ғизо ворид мешаванд. Дар фасли баҳор организми одам беҳол мешавад ва барои муҳофизати он витамини зиёд лозим аст. Агар ба организм витамин нарасад, одам хаставу афгор мешавад. Барои ҳамин шахс бояд дар фасли баҳор меваю сабзавоти аз витамин бойро истеъмол кунад.

Дар тиб витаминҳоро бо ҳарфҳои лотинӣ ишора мекунанд. А, В, С, Р.
Витамини А барои қадкашӣ, пӯсти солим ва босира (чашм) зарур аст. Ин витамин дар сабзӣ, пиёзи кабуд, настаран, помидор, қаланфури булғорӣ зиёд аст.
Витамини В системаи асабро оромӣ бахшида, мӯйи сарро зебо ва мушакҳоро қавӣ мегардонад. Шумо мехоҳед, ки ҳамеша бақувват бошед, иштиҳоятон нағзу табъатон болида бошад? Пас ба шумо витамини В лозим аст. Ин витаминро аз сабзавоти ранги сабздошта ёфтан мумкин аст: бодиринг, карам, сабзӣ, сабзавоти тару тоза ва каду.
Витамини С организми инсонро аз микробу вирусҳо муҳофизат карда, ҳамеша солиму бардам нигоҳ медорад. Ин витамин барои солим нигаҳ доштани дандон низ ёрӣ мерасонад. Агар шумо хоҳед, ки шамол нахӯред, бардам бошед ва аз бемориҳо зудтар шифо ёбед, ба шумо витамини С лозим аст. Ин витамин дар лимӯ, афлесун, себ, киви ва қаланфур зиёд аст.
Маълумот дар браи Витаминхо, Витамин бо забони точики, Витамини А чи маъно дорад, витаминхо барои инсон


