Дар ин мақола маълумот оиди намози таробеҳ, нияти намози таробеҳ, тасбехи таробех (тасбехи рамазон) ва тасбеҳи даҳаи охири Рамазон оварда мешавад.
Намози таробеҳ 20 ракаат буда, ду-ракаатӣ намоз хонда мешавад. Сараввал 4 ракаъат фарзи намози хуфтан хонда, сипас 2 ракаъат суннати намози хуфтан хонда мешавад. Пас аз он намози таробеҳ хонда, дар охир се ракаъат витри воҷиб хонда мешавад.
Намози таробеҳ бо ҷамоат дар масҷид хонда мешавад. Ду ракаъат намози таробеҳ мисли суннати намозҳои дигар хонда мешавад. Барои ашхосе, ки намозро мехоҳанд омӯзанд, дар ин мақола маълумот оварда шудааст >> Тарзи хондани намоз
Нияти намози таробеҳ
Нияти намози таровеҳ чунин аст: «Ният кардам бигузорам ду ракъат суннати намози таровеҳ, рӯй овардам ба қибла, қибла ҷиҳати Каъба, (агар бо ҷамоат хонад, “иқтидо кардам ба имоми ҳозиристода”), холисан лиллоҳи таъоло Аллоҳу акбар».
Пас аз хондани чор ракаъати намози таровеҳ, каме нишаста, истироҳат мекунед, ҳангоми истироҳат тасбеҳи таровеҳ хонда мешавад, ки чунин аст:
Тасбеҳи таробеҳ
“Субҳона Зил-мулки вал-малакут, субҳона Зил-ъиззати вал-ъазамати вал-қудрати вал-кибриёи вал-ҷабарут, субҳонал-Маликил-Ҳаййиллазӣ ло яному ва ло ямут, Суббуҳун Қуддусун Раббуно ва Раббул-малоикати вар-рӯҳ, ло илоҳа иллаллоҳу настағфируллоҳ, насъалукал-ҷанната ва наъузу бика минан-нор”.
Тарҷума: Пок аст Худованди соҳиби мулку малакут, пок аст Худованди соҳиби иззату бузургӣ ва қудрату кибриё ва фармонравоӣ, пок аст Худованди зиндаву поянда, ки на мехобад ва на мемирад, бисёр пок ва бисёр муназзаҳ, Парвардигори мо ва Парвардигори фариштагону Рӯҳ аст. Нест худое барҳақ ба ҷуз Аллоҳ, аз Худованд омурзиш мехоҳем. Аз Ту биҳиштро хосторем ва ба Ту аз дӯзах паноҳ мебарем.
Пас аз шаби Лайлатулқадр (бо баъзе маъхазҳо даҳаи охири Рамазон) тасбеҳ ба чунин тарз хонда мешавад:
«Субҳонал ҳаннонил маннон, субҳонал малики-д-дайён, алмаъруфу бил эҳсон вал мавсуфу бил ғуфрон. Алвадоъ, алвадоъ ё шаҳра Рамазон, Алфироқ, алфироқ ё шаҳра-т-таровиҳи ва-т-тасобиҳи ва хатмил Қуръон. Аввалуҳу раҳматун ва авсатуҳу мағфиратун ва охируҳу ъитқун мина-н-нирон. Ло илоҳа иллаллоҳу настағфируллоҳа ва насъалукал ҷанната ва наъузу бика мина-н-нор»
Дигар маводҳо: |
тасбех тасбехи таробех таробех тасбех, тасбехи таровех тасбехи рамазон субхона зил мулки вал малакут бо тексти/забони точики алвидо алвидо ё шахри рамадан/рамазон.
Беҳтарин
Асалому алайкум бародарон як савол доштам ?
Намози таробеҳро чаҳор ркати ният куни мешавад ё не ,махсад одами танҳо гузор.
Илтимос ҳами савола ҷавоб. Медодед,
Воалейкум салом. Чаҳор ракаатӣ ният кардани таробеҳ дуруст аст ва метавонед чаҳорракаатӣ бихонед.
Салом бародарони ахли ислом. Саравал мохи шарифи Рамазонро ба хама табрик мегуям.
Такрор модари дониш аст.
Бехтарин маьлумотхо,
☝??
Маълумоти хеле хуб. Аллоҳ шуморо баракати зиёд бахшад!
Ташаккури зиед.
Бисёр оли мехохам бисёртар донам
Беҳтарин беҳтарин беҳтарин беҳтарин беҳтарин беҳтарин беҳтарин беҳтарин беҳтарин беҳтарин беҳтарин беҳтарин беҳтарин Ма Ша Аллоҳ
Мошоллоҳ беҳтарин ман тарафдори гуфтаи Расули Худо беҳтарин боз зиёдтар мехоҳам донам
Олӣ
Худованд аз шумо Рози бошад ☝?
Дар дахаи охир хамира мехонем Уша дига намедонем
Узр онкадар нафахмидам дурустар дар бораи намози таробех шарх дихед
Занхо чи гуна намози таровех бояд хонанд?
Баланд ё паст
Асалому алайкум ва раҳматулои вабаракоту баъди тасбеҳи таробеҳ дар ракати охир кадом дуоро мехони як ҷавоб диҳед?
Ассалом. Дар ракатхои намози таробех ягон сураи дигар хондан шарт нест?кадом сурае донем хонем мешавад? Якхел одамон меган ки бояд аз сурахои аввали Куръон сар карда ботартиби сурахо хонда рави. Барои одамоне ки дар хона танхо мехонан.
Асаламу алейкум ва раҳматуллоҳи ва боракатуҳу бародарони диниям оё дар намози таробеҳ чаҳор ракат фарз мехмони ё суннат мисли дигар намозҳо?!