Сураи Моида Ояти 113 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Моида Ояти 113 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Моида Ояти 113

قَالُوا نُرِيدُ أَنْ نَأْكُلَ مِنْهَا وَتَطْمَئِنَّ قُلُوبُنَا وَنَعْلَمَ أَنْ قَدْ صَدَقْتَنَا وَنَكُونَ عَلَيْهَا مِنَ الشَّاهِدِينَ ١١٣

Қолу нурӣду ан-н-наъкула минҳа ва татмаинна қулубуна ва наълама ан қад садақтана ва накуна ъалайҳа мина-ш-шаҳидӣн. 113.

113. Гуфтанд: «Мехоҳем аз он бихӯрем ва дилҳои мо мутмаин шавад ва бидонем, ки бо мо рост гуфтӣ ва бар нузули он аз ҷумлаи шоҳидон бошем.

Вақто ки Исо (а) ба онҳо гуфт, ки аз чунин суол додан аз Аллоҳ битарсед, вале чун онҳо ғизои кофӣ надоштанд, гуфтанд, ки бо ин суоли худ аввалан мехоҳем аз он ғизо тановул кунем, аз тарафи дигар чун фурӯ омадани суфраро, ки дар он ризқу рӯзии мо бошад бинем, дили мо ором мегирад, имони мо ба ту ва ба пайғамбарии ту зиёд мешавад ва медонем, ки дар ҳақиқат он чи барои мо гуфтаӣ, рост аст. Дигар ин, ки мо бо дидани он сурфа барои касоне, ки онро надидаанд, шоҳидӣ медиҳем ва ин мӯъҷиза, ки аз назди Аллоҳ омадааст, барои тасдиқи пайғамбарии ту ҳуҷҷат мешавад.

Хулоса,бо ҳамин гуна далелҳо ҳаввориён аз осмон фуруд омадани як дастурхони пурнеъматро аз Исо (а) тақозо намуданд. Исо (а) барои иҷобати дархости ҳамроҳони хеш сӯйи Аллоҳ таъоло бо дуо муроҷиат намуд. Ояти зер онро баён мекунад:


Рӯйхати оятҳои Сураи Моида «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Моида Ояти 112 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Моида Ояти 114 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)