Тафсири Сураи Моида Ояти 119 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Моида Ояти 119
قَالَ اللَّهُ هَٰذَا يَوْمُ يَنْفَعُ الصَّادِقِينَ صِدْقُهُمْ ۚ لَهُمْ جَنَّاتٌ تَجْرِي مِنْ تَحْتِهَا الْأَنْهَارُ خَالِدِينَ فِيهَا أَبَدًا ۚ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُمْ وَرَضُوا عَنْهُ ۚ ذَٰلِكَ الْفَوْزُ الْعَظِيمُ ١١٩
Қолаллоҳу ҳаза явму янфаъу-с-содиқӣна сидқуҳум. Лаҳум ҷаннатун таҷрӣ мин таҳтиҳа-л-анҳару холидӣна фӣҳа абада. Разияллоҳу ъанҳум ва разу ъанҳ. залика-л-фавзу-л ъазӣм. 119.
119. Аллоҳ гуфт: «Ин рӯзе аст, ки ростгӯёнро ростиашон нафъ кунад, барои онҳост бӯстонҳое, ки зери онҳо ҷӯйҳо меравад, дар он ҳамеша ҷовидон бошанд, хушнуд шуд Аллоҳ аз онҳо ва хушнуд шуданд онҳо аз Ӯ, ин аст растагории бузург!».
Дар рӯзе, ки Исо (а) ҳамаи ихтиёрро ба Аллоҳ месупораду аз нотавонии худ сухан мекунад ва аз насоро безории худро изҳор месозад, Аллоҳтаъоло барои бандаи Худ ва расули Худ, Исо (а), ба тариқи иҷоб (қабул) ва хитоб мегӯяд ин рӯзест, ки ростгӯёнро ростияшон нафъ мерасонад ва барои роҳату фароғати онҳо бӯстонҳое аз тарафи Ман омода шудааст, ки аз зери қасрҳо ва дарахтони онҳо ҷуйҳои об ҷорӣ аст. Ростгӯён дар он бӯстонҳо ба таври доимӣ зиндагонӣ мекунанд. Худои онҳо аз ин гуна инсонҳо розӣ аст ва ин гуна шахсон низ аз Аллоҳи худ розиянд. Ин аст бурди калону бузург барои аҳли Ҷаннат. Яъне ризои Парвардигор ва фавзу наҷоти Парвардигор барои бандаи муъмин чунон бузург аст, ки ҳамто надорад.
Дар охири сураи мазкур бори дигар барои он насрониёне, ки Исо (а) аз онҳо дар ҳузури Аллоҳ безорӣ намуду ҳамаро ба Аллоҳ (ҷ) супурд, мефармояд:
Рӯйхати оятҳои Сураи Моида «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «