Сураи Моида Ояти 120 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Моида Ояти 120 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Моида Ояти 120

لِلَّهِ مُلْكُ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَمَا فِيهِنَّ ۚ وَهُوَ عَلَىٰ كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ ١٢٠

Лиллаҳи мулку-с-самавати ва-л-арзи ва ма фӣҳинн. Ва Ҳува ъала кулли шай-ин Қадӣр. 120.

120. Подшоҳии осмонҳо ва Замин ва он чӣ дар онҳост, аз они Худост ва Ӯ бар ҳама чиз тавоност.

Ба ин мазмун оятҳои бисёре нозил шудааст. Яъне танҳо Аллоҳтаъоло фармонравоии осмонҳову ва Замин аст ва он чи ки дар онҳост, бар онҳо тасарруф дорад, на Исо (а), на модари Ӯ (а) ва на дигар махлуқот. Зеро Ӯ таъоло Зотест, ки аз зану фарзанд муназзаҳ (пок) аст. Ӯ таъоло ягона Зотест, ки бар ҳама чиз ва бар ҳама кор тавоноӣ дорад. Тавоноии Ӯро ҳадду канор нест. Ӯ ҳаргиз ба ёрии ҳеҷ кас муҳтоҷ набуд, нест ва нахоҳад буд. Аммо Исо (а) ва модари ӯ (а) Марям (а), ки махлуқанд, ба Аллоҳ мӯҳтоҷанд.

Поёни сураи «Моида» ва лилоҳил ҳамду валминнаҳ.


Рӯйхати оятҳои Сураи Моида «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Моида Ояти 119 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Анъом – Тафсири Осонбаён (Қуръон)