Сураи Моида Ояти 8 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Моида Ояти 8 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Моида Ояти 8

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا كُونُوا قَوَّامِينَ لِلَّهِ شُهَدَاءَ بِالْقِسْطِ ۖ وَلَا يَجْرِمَنَّكُمْ شَنَآنُ قَوْمٍ عَلَىٰ أَلَّا تَعْدِلُوا ۚ اعْدِلُوا هُوَ أَقْرَبُ لِلتَّقْوَىٰ ۖ وَاتَّقُوا اللَّهَ ۚ إِنَّ اللَّهَ خَبِيرٌ بِمَا تَعْمَلُونَ ٨

Йа айюҳа-л-лазина аману куну қаввамина лиллаҳи шуҳадаа би-л-қист. Ва ла яҷриманнакум шанаану қавмин ъала алла таъдилу. Иъдилу ҳува ақрабу ли-т-тақва. Ва-т-тақуллоҳ. Инналлоҳа Хабӣрун би ма таъмалун. 8.

8. Эй касоне, ки имон овардаед, барои Аллоҳ қиёмкунандагон, гувоҳидиҳандагони боинсоф бошед. Душмании қавме шуморо ба сӯйи гуноҳу беинсофӣ тела надиҳад. Адл кунед, адл ба тақво наздиктар аст ва аз Худо битарсед! Ҳаройина, Худо ба он чӣ мекунед, хуб хабардор аст.

Дар сураи «Нисо», ояти 135 маънои калимаи «Қаввамун» гузашт, ки он сиғаи муболиға буда, ба маънои мардҳо дар кори оиладорӣ бисёр хуб ба по хезанд, буд. Дар ин оят ҳам Аллоҳтаъоло бандагони Худро бо ин калима нидо намуда мефармояд, ки ай касоне, ки имон овардаед, танҳо ёдовар шудан аз неъматҳои Аллоҳтаъоло бо забон, чуноне ки дар ояти қаблӣ гузашт, кифоя намекунад. Балки мақсади аслӣ он аст, ки эҳсони бешумори Парвардигори худро фаромӯш насохта, ҳар аҳде, ки бо Худо бастед, дар иҷрои он, чи забонӣ бошад чӣ феълӣ, бо мақсади умеди савоб, тарс аз иқоб, таъзиму ризои Худо (на умеди касби ному шӯҳрати дунё ва ризои мардум) ва барои барпо доштани ҳаққи Аллоҳ бо беҳтарин шакл собитқадаму устувор бошед. Аз он ҷумла, Аллоҳтаъоло фармудааст, ки агар дар коре шоҳид бошед ва тарафи муқобил касе, ки бошад, (бигзор, тарафи муқобил душмани шумо ҳам бошад) ин шоҳидиро бо дурустӣ, бо адлу инсоф ба сомон расонед. Нашавад, ки душмании ӯро ба назар гирифта, тарки адолат кунеду ҳақиқатро пинҳону зери по ниҳода, шоҳидии бардурӯғ диҳед. Боз Худованд фармудааст, ки дар ҳама кор агарчи онҳоро бад бинед ҳам, адолат кунед, ин адолати шумо ба тақво (тарс аз Худо) наздиктар аст. Дар охири оят омадааст, ки дар ҳама амру наҳйи Парвардигор дар ҳолати амал аз Аллоҳ битарсед, ки ҳар кореро, ки шумо анҷом медиҳед, Аллоҳтаъоло аз он огоҳ аст ва мувофиқи он шуморо мукофоту ҷазо медиҳад. Соҳиби «Сафватуттафосир» аз Замахшарӣ (р) зимни ин оят чунин сухани аҷиберо овардааст, ки инсони бохирад бе таъсир монда наметавонад: “ин оят барои мусалмонон як танбеҳи бузург аст. Яъне, вақто ки бо кофирон, ки онҳо душмани Худоянд, дар вақти муъомила адл воҷиб бошад, акнун дар воҷиб будани адл байни муъминон, ки онҳо дӯстони Худоанд, чӣ гумон дорӣ?” («Сафватуттафосир», саҳ. 330 ва «Кашшоф», 1/476).

Хулоса, ба фармудаҳои ояти мазкур дар дунё амал мекардагиҳо ҳам ҳаст ва амал намекардагиҳо ҳам ҳаст. Мукофот ё ҷазои ин гуна шахсонро ояти зер баён мекунад:


Рӯйхати оятҳои Сураи Моида «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Моида Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Моида Ояти 9 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)