Сураи Муддассир Ояти 13 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Муддассир Ояти 13 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Муддассир Ояти 13

وَّبَنِيۡنَ شُهُوۡدًا ١٣

Ва банӣна шуҳуда. 13.

13. Ва фарзандони дар маҷлис ҳозиршаванда додам.

Ҳамчунин ба ӯ даҳ фарзанд ато кардам, ки дар шаҳри худ ҳамроҳи ӯ истиқомат доранд. Ҳар маҳфилу маъракае гузарад онҳо он ҷо ҳозиранд. Валид аз дидани фарзандонаш қувват мегираду дилшоду хурсанд мегардад. Чун фарзандонаш дар кори тиҷорат ва дигар авомири рӯзгор ҳамеша бо ӯ ҳастанд, айшаш ба дарду ғаму ғуссаи ҳиҷрону фироқи авлод олуда нест. Фарзандон боиси баланд рафтани иззату эҳтироми падарашон ҳастанд. Чунин як неъматро ба ӯ додам, вале шукри инро ба ҷо наовард…


Рӯйхати оятҳои Сураи Муддассир «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Муддассир Ояти 12 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Муддассир Ояти 14 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)