Чанд донистанӣ дар бораи интернет

0

Инсони замони муосир бештари корҳояшро тариқи интернет анҷом медиҳад. Интернет барои ҳамагон  манбаи асосии муошират, дастрас кардану интиқоли маълумот ва ҳатто дилхушӣ ба ҳисоб меравад. Бароятон дар бораи интернет донистан аҷиб нест? Агар ҳа, ин матлаб барои Шумост!


Мувофиқи сарчашма ва ҳисобҳои оморӣ, то соли 2016 3,5 млрд нафар аз интернет истифода мебурдааст ва ин шумора имрӯзҳо қариб ки ба 4 млрд расидааст. Аз нигоҳи шумораи аҳолии ҷаҳон ҳоло ҳам истифодабарандагон 50% нашудаанд.


Тим Бернерс-Ли – яке аз асосгузорони интернет (www)

Интернет аз тарафи ду шахс Тим Бернерс-Ли ва Роберт Кайо  сохта шудааст.


Аввалин видео дар ютуб 23 апрели соли 2005 бо номи «Meet At Zoo» дар соати 20:27 гузошта шудааст ва то ҳол фаъол аст.


WWW – World Wide Web буда, тори анкабуди ҷаҳонӣ тарҷума мешавад.


Якумин сомона дар интернет  http://info.cern.ch/ мебошад. Ин сомона соли 1990 сохта шуда, то ҳол фаъол аст.


Аввалин расм дар интернет: гурӯҳи Les Horribles Cernettes (wikipedia.org)

Суръати аз ҳама баланди интернет дар Сингапур ба қайд гирифта шудааст, ки дар як сония 56 мегабайтро ташкил медиҳад.


Аз ҳама навори сербинандатарин дар ютуб “Gangnam Style” ном дорад ва то имрӯз  3 млрду 338 млн 861ҳазору 610 нафар онро тамошо кардааст.


Аз ҳама ибораи машҳур дар гугл  ибораи “далелҳои ҷолиб” ба ҳисоб меравад.


10 хакер, ки дунё аз онҳо ҳарос дорад

Сарчашмаҳо: like-a.ru, white-windows.ru, wonderfulnature.ru 

Мақолаи қаблӣЧанд донистании муфид дар бораи чашми инсон
Мақолаи баъдӣ10 хакер, ки дунё аз онҳо ҳарос дорад

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед