Сураи Муҳаммад Ояти 11 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Мухаммад Ояти 11 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Муҳаммад Ояти 11

ذٰلِكَ بِاَنَّ اللّٰهَ مَوۡلَى الَّذِيۡنَ اٰمَنُوۡا وَاَنَّ الۡكٰفِرِيۡنَ لَا مَوۡلٰى لَهُمۡ ١١

Залика би анналлоҳа мавла-л-лазӣна аману ва анна-л-кафирӣна ла мавла лаҳум. 11.

11. Ин ба сабаби он аст, ки Аллоҳ мададгори ононе (аст), ки муъминанд ва ба сабаби он аст, ки албатта, кофиронро ҳеҷ мададгоре нест.

Ин оят давоми ояти боло аст. Ӯ таъоло фармудааст, ки Аллоҳ ҳамеша ёвару мададгори муъминони накӯкору хайрпеша аст. Онҳо, ки худро ҳамеша ба ёрии Ӯ таъоло ниёзманд медонанд, Худованд кӯмаку фатҳу зафари Худро аз онҳо дареғ намедорад. Сабаб дар он аст, ки онҳо муъминанд. Яъне ба Аллоҳ ва фиристодаҳои Ӯ таъоло имон оварда, амру наҳйи Ӯро дар зиндагии худ риоя мекунанд ва ҳамеша машғули амалҳои солеҳ ҳастанд. Аммо кофирон бошанд, ба сабаби куфрашон аз тарафи Аллоҳ ёвару мададгоре надоранд. Ҳангоми ғазваи Уҳуд Абӯ Суфён ба сӯйи мусулмонон ҷор зада, гуфт: «Бути Уззо ин дам мададгору ёридиҳандаи мост, аммо шумо Уззо надоред». Расули Худо (с) ба асҳоби онҷобуда гуфт: «Бигӯед Аллоҳ мавлои мост ва нест мавлое мар шуморо!». Чунин суханони Расули Худо (с) бори дигар шаҳодат медиҳанд, ки Ӯ таъоло нусратдиҳандаи мардуми беимон нест. Баъдан, Худованд (ҷалла ҷалолуҳу) бозгашти ҳарду гурӯҳро ба дорулқарор (макони абадӣ) баён намуда гуфт:


Рӯйхати оятҳои Сураи Муҳаммад «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Муҳаммад Ояти 10 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Муҳаммад Ояти 12 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)