Сураи Муҳаммад Ояти 13 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Мухаммад Ояти 13 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Муҳаммад Ояти 13

وَكَاَيِّنۡ مِّنۡ قَرۡيَةٍ هِىَ اَشَدُّ قُوَّةً مِّنۡ قَرۡيَتِكَ الَّتِىۡۤ اَخۡرَجَتۡكَ‌ۚ اَهۡلَكۡنٰهُمۡ فَلَا نَاصِرَ لَهُمۡ ١٣

Ва ка аййи-м мин қарятин ҳия ашадду қуввата-м мин қарятика-л-лати ахраҷатка аҳлакнаҳум фа ла насира лаҳум. 13.

13. Ва басо деҳаҳое вуҷуд доштанд, ки аз аҳли деҳае ки туро берун карданд, қавитар буданд, онҳоро ҳалок сохтем, пас, ҳеҷ мададгоре барои онҳо набуд.

Ин оят, валлоҳу аълам, чун тасаллӣ ба ҳазрати Муҳаммад (с) нозил гардидааст. Дар он Ӯ таъоло фармудааст, ки ай ҳабибам, назар ба аҳли деҳаи ту, ки ҷабран туро аз деҳаат хориҷ карданд, дар собиқ деҳаҳое буданд, ки аҳли онҳо хеле золиму саркаш ва якраву пурқувват буданд. Аммо онҳоро бо анвои азоби сахт ҳалок намудем ва аз ягон сӯе ба онҳо ёрие нарасид. Ҳамчунин ба ҳалоки мушрикони Макка агар ирода кунем, қодиру тавоно ҳастем.

Ибни Аббос (р) мегӯяд: «Чун Расулуллоҳ (с) аз Макка хориҷ гардида, ба ғори Савр пинҳон гардид ва аз он ҷо бо мақсади ҳиҷрат берун омад, ба сӯйи Макка дида дӯхта гуфт: «Ай Макка, ту назди Аллоҳ таъоло ва ман маҳбубтарин шаҳр ҳастӣ. Агар қавми ту маро хориҷ намекард, ҳаргиз ман аз ту хориҷ намешудам». (Аз тафсири Ҷумал, ҳошия бар Ҷалолайн)».

Чун Ҳабиби Худо (с) ин нуқтаро иброз дошт, ояти зерин нозил гардид.


Рӯйхати оятҳои Сураи Муҳаммад «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Муҳаммад Ояти 12 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Муҳаммад Ояти 14 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)