Тафсири Сураи Мухаммад Ояти 24 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Муҳаммад Ояти 24
اَفَلَا يَتَدَبَّرُوۡنَ الۡقُرۡاٰنَ اَمۡ عَلٰى قُلُوۡبٍ اَقۡفَالُهَا ٢٤
А-фа ла ятадаббаруна-л-Қурана ам ъала қулубин ақфалуҳа. 24.
24. Оё дар (пандҳои) Қуръон тафаккур намекунанд ё бар дили онҳо қуфлҳо зада шудааст?
Ин истифҳом (савол) барои маломати мунофиқон буда, Аллоҳтаъало фармудааст,ки оё мунофиқон Қуръонро саҳифа намезананд, то панду ҳикматҳои онро дарк намуда, худро аз ҳалокат наҷот диҳанд? Ё магар дар қалбҳои онҳо қулф зада шудааст, ки нури маърифат вориди он гардида наметавонад, то онро аз зулумот наҷот дода, мунаввар намоянд?
Дар Тафсири Розӣ омада, ки дил барои маърифат халқ карда шудааст. Вақто дил аз маърифати илоҳӣ холӣ бошад, гӯё ки он вуҷуд надорад. Дар урфият ҳам, ба ашхоси бераҳму бешафқат ва беинсоф мегӯянд: «Ту дил надорӣ?», ё «Ба ҷои дил дар синаи ту санг аст?». Қалби касоне, ки аз нури Қуръон баҳравар нест, онро қалб гуфтан нашояд. Зеро соҳиби чунин дил аз тафвиқ фарсахҳо дур аст. Чун тафвиқ набошад, кас тобеъи хоҳишу ҳавасҳои бади нафси хеш мегардад, ки оқибаташ, чуноне ки дар ояти зер меояд, наъузубиллоҳ, бадбахтӣ бошад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Муҳаммад «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «