Тафсири Сураи Мухаммад Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Муҳаммад Ояти 3
ذٰلِكَ بِاَنَّ الَّذِيۡنَ كَفَرُوۡا اتَّبَعُوا الۡبَاطِلَ وَاَنَّ الَّذِيۡنَ اٰمَنُوا اتَّبَعُوا الۡحَقَّ مِنۡ رَّبِّهِمۡؕ كَذٰلِكَ يَضۡرِبُ اللّٰهُ لِلنَّاسِ اَمۡثَالَهُمۡ ٣
Залика би анна-л лазӣна кафару-т-табаъу-л-батила ва анна-л-лазӣна аману-т-табаъу-л-ҳаққа ми-р-Раббиҳим. Казалика яЗрибуллоҳу ли-н-наси амсалаҳум. 3.
3. Ин нобуд сохтани амалҳои неки кофирон ба сабаби он аст, ки онҳо ботилро пайравӣ карданд ва ононе ки имон оварданд, ҳақеро, ки аз тарафи Парвардигори онҳо омада буд, пайравӣ намуданд. Ҳамчунин Аллоҳ барои мардум аҳволи онҳоро баён мекунад.
Бо камоли рӯшанӣ ва барои дар зеҳни мардум аҳволи баду некашон маълум гардидан Худованд (ҷалла ҷалолуҳу) инсонҳоро ба ин оят огоҳ сохта мефармояд, ки ин гуна гумроҳӣ ва ботилпарастӣ аз амалҳои кофирон аст, ки дар роҳи залолат рафта, амалҳои ботилро аз ҳақ авло ва бартар донистанд. Аммо онҳое, ки ба имони ҳаққу ростин, ки аз назди Аллоҳ таъолост, чанг зада, онро маҳкам дошта, ба роҳи камолу ҳидоят қадамҳои устувор бардоштанд, албатта, онҳо муъминанд. Ҳамчунин барои панду насиҳати мардум роҳи дурусту нодуруст ва аҳволи ин ду тоифа (кофирону муъминон)-ро дар ин оят Ӯ таъоло ошкоро баён намуд. Валлоҳу аълам.
Баъдан, Аллоҳ таъоло сабаби ҳарбу навъҳои ҷиҳодро барои муъминон баён намуда гуфт!
Рӯйхати оятҳои Сураи Муҳаммад «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «