Муҳкамот ва муташобиҳот (навъҳои оёти Қуръон)

0

Мухкамот ва муташобихот (навъхои оёти Куръон)


Оятҳои Қуръони карим ду навъ мебошанд:

1-Муҳкам, яъне осонфаҳми маънояшон возеҳу равшан.

2-Муташобиҳ, яъне мушкилфаҳм.

Дар ин мавзӯъ ояти ҳафтуми сураи “Оли Имрон” Аллоҳ таоло чунин фармудааст:

{هُوَ الَّذِي أَنْزَلَ عَلَيْكَ الْكِتَابَ مِنْهُ آيَاتٌ مُحْكَمَاتٌ هُنَّ أُمُّ الْكِتَابِ وَأُخَرُ مُتَشَابِهَاتٌ….}

“Аллоҳ зотест, ки Қуръонро ба ту фиристодааст, ки баъзе оятҳои он оятҳои муҳкам ҳастанд, ки онҳо асли Қуръон мебошанд ва баъзеи дигари он муташобиҳот (мушкилфаҳм) мебошанд”.

Оятҳои муташобиҳ ду навъ мешаванд:

1-Муташобиҳи нисбӣ, яъне оятҳои нисбатан мушкилфаҳм, ки маънои онҳоро бо назар кардан дар дигар оятҳо ва ҳадисҳои муҳкаму осонфаҳм дониста мешавад. Ба  таври мисол дар ояти ҳаштуми сураи “Фотир” Аллоҳ таъоло чунин гуфтааст:

{فَإِنَّ اللَّهَ يُضِلُّ مَنْ يَشَاءُ وَيَهْدِي مَنْ يَشَاءُ} (فاطر: 8)

“Ҳамоно Аллоҳ ҳар касеро бихоҳад гумроҳ мекунад ва ҳар касеро бихоҳад ҳидоят мекунад”.

Ин оят аз ҷумлаи оятҳои муташобиҳи нисбӣ мебошад. Зеро аз зоҳири лафзаш маълум мешавад, ки амали банда дар ҳидоят ёфтан ва гумроҳ шуданаш ҳеҷ таъсире надошта бошад. Аммо аз ояти нуҳуми сураи “Юнус” дониста мешавад, ки Аллоҳ таоло ба сабаби имонро ихтиёр кардани бандагон онҳоро ҳидоят мекунад. Чуноне миефармояд:

{إِنَّ الَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ يَهْدِيهِمْ رَبُّهُمْ بِإِيمَانِهِمْ تَجْرِي مِنْ تَحْتِهِمُ الْأَنْهَارُ فِي جَنَّاتِ النَّعِيمِ}  )يونس: 9(

“Ҳамоно касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста анҷом додаанд, Парвардигорашон ононро ба сабаби имонашон ба боғҳои пурнозу неъмати биҳишт ҳидоят мекунад, ки ҷӯйҳо дар зери он равон аст”.

Аз ояти 104 сураи “Наҳл” дониста мешавад, ки ба сабаби имон наоварданашон баъзе бандагонашро Аллоҳ таоло ҳидоят намекунад ва онҳо луқмаи муфти шайтон шудаву гумроҳ мешаванд. Чуноне мефармояд:

{إِنَّ الَّذِينَ لَا يُؤْمِنُونَ بِآيَاتِ اللَّهِ لَا يَهْدِيهِمُ اللَّهُ وَلَهُمْ عَذَابٌ أَلِيمٌ} )النحل: 104(

“Ҳамоно касоне, ки ба оятҳои Аллоҳ имон намеоранд, Аллоҳ онҳоро ҳидоят намекунад ва барояшон азоби дарднок аст”.

Пас Аллоҳ таоло ҳидояти он бандаеро мехоҳад ва ӯро ҳидоят мекунад, ки бо имон оварданаш сазовори ҳидоят аст ва касеро ҳидоят намекунад ва ӯ гумроҳ мешавад, ки ба сабаби имон наоварданаш сазовори гумроҳӣ гардидааст.

2-Оятҳои муташобиҳи мутлақ.

Маънои оятҳои муташобиҳи мутлақро ба ҷуз Аллоҳ таоло ҳеҷ каси дигаре намедонад. Ба таври мисол ҳарфҳои ҳиҷои дар аввали баъзе сураҳо омада аз ҷумлаи оятҳои муташобиҳ мебошанд ва Имом Абуисҳоқи Саълабӣ дар “Тафсири Саълабӣ” дар  мавриди он ҳарфҳо чунин мегӯяд:

“وقال أحمد بن محمد بن إبراهيم الثعلبي، أبو إسحاق (المتوفى: 427هـ) في تفسير الثعلبي = الكشف والبيان عن تفسير القرآن -1/ 136: اختلف العلماء في الحروف المعجمة المفتتحة بها السور، فذهب كثير منهم إلى أنّها من المتشابهات التي استأثر الله بعلمها، فنحن نؤمن بتنزيلها ونكل إلى الله تأويلها”.

“Назари уламо дар тафсири ҳарфҳои ҳиҷои дар ибтидои сураҳо омада мухталиф мебошад ва аксари онҳо ба ин назаранд, ки аз ҷумлаи оятҳои мушкилфаҳме мебошанд, ки донистани маънои онро Аллоҳ таъоло барои худаш ихтисос додааст. Аммо мо ба ин оятҳо имон меорем, вале донистани маъноҳояшонро ба Аллоҳ таъоло ҳавола мекунем”.

Дар мавриди оятҳои муташобиҳи мушкилфаҳм дар ояти нуҳуми сураи “Оли Имрон” Аллоҳ таоло чунин гуфтааст:

 {فَأَمَّا الَّذِينَ فِي قُلُوبِهِمْ زَيْغٌ فَيَتَّبِعُونَ مَا تَشَابَهَ مِنْهُ ابْتِغَاءَ الْفِتْنَةِ وَابْتِغَاءَ تَأْوِيلِهِ وَمَا يَعْلَمُ تَأْوِيلَهُ إِلَّا اللَّهُ وَالرَّاسِخُونَ فِي الْعِلْمِ يَقُولُونَ آمَنَّا بِهِ كُلٌّ مِنْ عِنْدِ رَبِّنَا وَمَا يَذَّكَّرُ إِلَّا أُولُو الْأَلْبَابِ } (آل عمران: 7)

“Аммо касоне, ки дар дилҳояшон каҷравӣ аз ҳақ аст барои фитнаангезӣ ва тафсири нодурусти он, ба дунболи оятҳои муташобиҳ мераванд ва ин ҳам дар ҳолест, ки маънои онро ба ҷуз Аллоҳ ҳеҷ касе намедонад. Ва росихони дар илм мегӯянд: Ба он имон овардаем ҳама аз ҷониби Парвардигори мост ва ҷуз хирадмандон панд намегиранд”.

Ба таври мисол ояти якуми сураи “Марям” иборат аз ҳарфҳои ҳиҷо мебошад:

{كهيعص} (مريم: 1)

Уламои аҳли суннат амсоли чунин оятҳоро аз ҷумлаи оятҳои муташобиҳ медонанд ва ба он оятҳо имон доранд, вале донистани маънояшонро ҳавола ба Аллоҳ таоло мекунанд. Аммо уламои шиъа, ки дилҳояшон аз роҳи ҳақ мунҳариф аст ва ҳадафашон фитна андохтан дар байни мусулмонон аст, барои бузург нишон додан ва суиистифода бурдан аз мусибати Карбало ояти мазкурро чунин тафсир мекунанд. Ҳарфи коф Карбалост, ҳарфи ҳо ҳалокати аҳли байт ва ҳарфи ё Имом Ҳусайн ва ғайра.


Маърифати мазҳаби Аҳли Суннат (мазхаби ахли суннат, сунни)

Мақолаи қаблӣДалелҳои иттифоқӣ ва ихтилофӣ (дар мазҳаби аҳли суннат)
Мақолаи баъдӣҚиссаи модари Томас Эдисон, ки дили ҳамагонро тасхир кард