Аз таърихи футбол

0

Асри XIX, ки давлатҳои абарқудрат рӯ ба пешравӣ доштанд, як қатор хотироту навгониҳои таърихиеро, ки то ҳол мубрамии худро аз даст надодаанд, дар хотироти ҳамагон боқӣ гузошт. Махсусан,  риштаи варзиш дар ин давра марҳила ба марҳила дар миёни ин давлатҳо пеш мерафт. Бахусус  мафҳуми футбол, ки  аз калимаи англисии foot – пой ва ball – туб гирифта шудааст, дар ин давр пайдо шудааст.


Аввалин маротиба  соли 1857 дар Англия дастаи футболи  Шеффилд пайдо шуд.


Соли 1863  Асотсиатсияи Футболи Ангия қабул шуд. Бо замми ин дар ин сол андозаи дарвоза ва майдонҳои футбол  низ муайян гардиданд.


Соли 1871 бори нахуст Ҷоми Англия дар байни дастаҳои ин давлат ҷорӣ шуда риштаи футболро як марҳила дар байни дигар давлату халқиятҳо муаррифӣ намуд.


Зарбаи ҷаримавии 11-метра (пеналти) бори аввал соли 1891 ба вуҷуд омадааст.


Аввалин бозии дӯстона  байни давлатҳои Шотландия ва Англия 30-юми ноябри соли 1872  сурат гирифтааст.


Федератсияи футболи байналмилаллӣ (ФИФА)  аввалин ташкилот дар соҳаи футбол ба ҳисоб меравад, ки соли 1904 бо талошу дастгириҳои Роберт Герени фаронсавӣ ташкил шудааст.


Аз соли 1904 то ҳол ҳамагӣ 9  президент  ФИФА-ро роҳбарӣ намудааст, ки аз ин 2-тоаш фаронсавӣ, 3-то англис, 2-то шведсариягӣ ва яктогӣ аз Бразилияву Белгия мебошанд. Айни ҳол роҳбарияти ФИФА-ро   Ҷанни Инфантинои шведсариягӣ аз соли 2016 то инҷониб роҳбарӣ намуда истодааст.

5 футболбози сердаромади сайёра

20 футболбози сердаромадтарини ҷаҳон дар соли 2019


маълумот дар бораи футбол бо забони точики, аввалин бор футбол дар кучо пайдо шудааст.

Мақолаи қаблӣ7 далели ҷолиб дар бораи Реал Мадрид
Мақолаи баъдӣАз таърихи баскетбол

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед