Сураи Мӯъминун Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Муъминун Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Мӯъминун Ояти 2

الَّذِينَ هُمْ فِي صَلَاتِهِمْ خَاشِعُونَ ٢

Ал-лазӣна ҳум фӣ салатиҳим хошиъун. 2.

2. Ва ҳамон касоне, ки дар намозашон хушӯъкунандагонанд.

Маънои калимаи «хушӯъ» фурӯтанӣ, тавозӯъ, нармдилӣ, оромиш ва сарҷамъ кардани фикру хаёл дар намоз аст.

Яъне растагорон онҳоеанд, ки бо фурӯтанӣ, тавозӯъ, оромиш ва сарҷамъ кардани фикру ёдӣ худ, дар муқобили Азамат ва Ҷалоли Худо ба намоз меистанд. Дар ҳақиқат ин гуна намоз барои муъмин роҳатбахш ва рӯҳафзо хоҳад буд. Дар ҳадиси шариф омадааст, ки Расулаллоҳ (с) фармуданд: «… оромиши равони ман дар намоз қарор дода шуда аст».


Рӯйхати оятҳои Сураи Мӯъминун «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Мӯъминун Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Мӯъминун Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)