Тафсири Сураи Мурсалат Ояти 46 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Мурсалат Ояти 46
كُلُوۡا وَتَمَتَّعُوۡا قَلِيۡلًا اِنَّكُمۡ مُّجۡرِمُوۡنَ ٤٦
Кулу ва таматтаъу қалӣлан иннакум-м муҷримун. 46.
46. (Ба мункиронӣ қиёмат гуфта шудааст,) Хӯред ва (аз дунё) андаке бархурдор шавед, ҳамоно, шумо гунаҳгоред!
Ояти мазкур таҳдид ва ваъиди Аллоҳтаъоло ба сӯйи гунаҳкорон буда ба онҳо гуфтааст, ки аз лаззатҳои дунёи фонӣ бархурдор шавед! Ин маишату фароғат шуморо андак аст. Албатта, шумо ба сӯйи Мо боз мегардед! Чун гунаҳгор ҳастед мустаҳиққи азобу уқубати шадид қарор мегиред.
Яъне тоифаеро, Худованд гунаҳгор шуморидааст онҳо ба қиёмату охират бовар надоранд, дар дунё бисёр фориғболанд маънои зиндагиро фақат дар пур кардани ишкам, қонеъ сохтани нафси шаҳвонӣ ва ба бар кардани либосҳои фохира мебинанд. Онҳо боре андеша намекунанд, ки рӯзе умри мо ба охир мерасад, ҳамаи ин молу амволу ва ғайра аз сарамон мемонаду аз моли дунё як кафан ба худ мебарем, (инро ҳам агар Худо рӯзӣ бинад) чун тӯшае омода накардаем аҳволамон чӣ мешавад?
Адибе гуфтааст.
Э дил, ту дар ин ҷаҳон чаро бехабарӣ?
Ҳар субҳу масо дар талаби симу зарӣ,
Аз моли ҷаҳон ба ту ҳамин як кафанаст
Он ҳам ба гумонам, ки барӣ ё набарӣ!!!
Рӯйхати оятҳои Сураи Мурсалат «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «