Сураи Мутаффифин Ояти 17 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Мутаффифин Ояти 17 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Мутаффифин Ояти 17

ثُمَّ يُقَالُ هٰذَا الَّذِىۡ كُنۡتُمۡ بِهٖ تُكَذِّبُوۡنَؕ ١٧

Сумма юқолу ҳаза-л-лазӣ кунтум биҳӣ туказзибун. 17.

17. Пас, онҳоро гуфта шавад: «Ин аст он чӣ, ки шумо онро дурӯғ мешуморидед».

Баъди он, ки гунаҳкорон дохили Дӯзах шаванд, моликони Дӯзах онҳоро мавриди сарзаниш қарор дода гӯянд, ки он чиро ки дурӯғ мешуморидеду ба он бовар намедоштед бо чашми худ бинед. Шумо Пайғамбарро ҳам соҳир мегуфтед, акнун он чӣ, ки ҳоло дида истодаед, ин ҳам магар сеҳр аст? На! Ин ҳақиқат аст, на он дурӯғест, ки шумо мегуфтед ва худро бо накӯкорон баробар, ҳатто аз онҳо болотар, ҳисоб мекардед. Аз ин рӯ, ояти зер байни бадкорон ва накӯкорон фарқ гузошта, эзоҳ медиҳад…


Рӯйхати оятҳои Сураи Мутаффифин «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Мутаффифин Ояти 16 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Мутаффифин Ояти 18 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)