Тафсири Сураи Мутаффифин Ояти 9 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Мутаффифин Ояти 9
كِتٰبٌ مَّرۡقُوۡمٌؕ ٩
Китабу-м марқум. 9.
9. Китобест (бо қалами Ҳақ) навишташуда.
Яъне он китоби амалҳои бади онҳо бо чунин рақамҳо навишта шудааст, ки ҳаргиз нопадиду нест нашаванд.
На мисли рақамҳои дар коғаз ва матоъ навишташуда, ки бо таъсири нури рӯшноӣ, об ва дигар омилҳо ба зудӣ аз байн мераванд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Мутаффифин «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «