Тафсири Сураи Наба Ояти 12 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Наба Ояти 12
وَّبَنَيۡنَا فَوۡقَكُمۡ سَبۡعًا شِدَادًا ١٢
Ва банайна фавқакум сабъан шидада. 12.
12. Ва болои шумо ҳафт табақаи Осмони мустаҳкамро бино кардем.
Мурод аз ҳафт табақаи мустаҳкам ҳафт қабати осмонҳо аст. Худованд бо қудрати Худ, ин ҳафт Осмонро бо баландиву вусъату паҳноиву мустаҳкамӣ ва бо Офтобу Маҳтоб ва бо ситораҳои собиту дурахшанда халқ кардааст. Ҳар гоҳе ки мо ба он дида медӯзем, мутаҳаййиру оҷиз мегардем. Зеро вай қудрати беинтиҳои Холиқро ба ёди мо меоварад. Ин қадар махлуқи бузург аз ситораву сайёраҳои беадад ва газҳои байни онҳо иборат бо низоми ба худ хос, бе сутуну такягоҳ ва бе банд дар ҳолати устуворӣ аст, ғайри Аллоҳ кӣ онро нигоҳ дошта метавонад? Ҳеҷ кас!
Рӯйхати оятҳои Сураи Наба «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «