Сураи Наба Ояти 14 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Наба Ояти 14 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Наба Ояти 14

وَّاَنۡزَلۡنَا مِنَ الۡمُعۡصِرٰتِ مَآءً ثَجَّاجًا ١٤

Ва анзална мина-л-муъсироти маан саҷҷаҷа. 14.

14. Ва аз абрҳои борондиҳанда борони резонро фуруд овардем,

Калимаи муъсирот маънои фишорхӯранда (ҷафанда)-ро дорад. Дар ин ояти карима ба маънои абрҳои фишорхӯранда борондиҳанда омадааст. Дар асри мо илмҳои физикаи атмосфера (қабати ҳавои Замин) ва гидрометеорология (боду ҳавошиносӣ) сабабҳои зоҳирии пайдоиши абрҳо ва резиши боронро меомӯзанд.

Мувофиқи маълумоти мутахассисони ин соҳа оби ба буғ мубаддалшуда дар қабатҳои болои ҳаво дар шароити муайян ба абр мубаддал мегардад. Дар навбати худ фақат ҳангоми иҷроиши шароити мувофиқ ин абрҳо фишор хӯрда, ба абрҳои борондиҳанда мубаддал мегарданд ва чун борон мерезанд. Хулоса ва мушоҳидаҳои олимони ин соҳаҳо ба ҳақ ва рост будани оятҳои илоҳӣ далолат мекунанд.

Дар ояти оянда таъсири ин борон ба Замин ва пурсамар гаштани он хабар дода шудааст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Наба «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Наба Ояти 13 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Наба Ояти 15 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)