Тафсири Сураи Наба Ояти 30 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Наба Ояти 30
فَذُوۡقُوۡا فَلَنۡ نَّزِيۡدَكُمۡ اِلَّا عَذَابًا ٣٠
Фазуқу фалан-н-назӣдакум илла ъазаба. 30.
30. Пас, бичашед! Ва Мо бар шумо ҳаргиз чизеро зиёда накунем, магар азобро.
Аҳли Дӯзахро гуфта шавад, ки: “Бичашед азоберо, ки дида истодаед!” Барои онҳо ба ғайри азоб ҳеҷ чизе зиёд карда намешавад. Онҳоро азоб болои азоб меояд.
Дар ривояте омадааст, ки бар аҳли Дӯзах аз ин оят сахттару таҳдидкунандатар дигар ояте наомадааст.
Ин ҷо шарҳу хавфи аҳли дӯзахиён поён ёфт. Акнун дар давоми сура аз аҳли Ҷаннат ва неъматҳои ҷовидонии Биҳишт сухан меравад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Наба «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «