Тафсири Сураи Наба Ояти 9 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Наба Ояти 9
وَّجَعَلۡنَا نَوۡمَكُمۡ سُبَاتًا ٩
Ва ҷаъална навмакум субата. 9.
9. Ва хобатонро (барои шумо) роҳат гардонидем.
Инсон чун ҳамеша дар такопӯ ва ҳаракат аст, ниёз ба истироҳат дорад. Барои ин, Худои бениёзу меҳрубон хобро барои роҳати бандаҳояш офарид. Ҳар гоҳ инсон ба хоб меравад, узвҳои панҷгонаи ҳиссии ӯ муваққатан дар реҷаи “хомӯшӣ” кор мекунанд. Ба майна аз онҳо маълумот намеояд. Майна ҳам истироҳат мекунад. Мушакҳои даст, по, гардан в.ғ. ором мешаванд. Дар натиҷа дил, шуш, ҷигар, гурда ва дигар ғадудҳо дар реҷаи сабук (мувозинат) кор мекунанд. Бо амри илоҳӣ дар ҷисми инсон раванди барқароргардонии энергияи ҳангоми бедорӣ сарфшуда, оғоз гардида, дар реҷаи муътадил ба итмом мерасад. Инсон илҳоми тоза мегирад. Рӯҳаш “тоза” мешавад. Вай қуввату дармони нав пайдо мекунад. Ҳеҷ гуна роҳат ба роҳате, ки инсон аз хоб мегирад, баробар шуда наметавонад. Ин гуна роҳатро ба ҷуз Худованд касе дода ҳам наметавонад. Тасаввур кунед, ки шуморо як шаб хоб набурд, худро чӣ гуна нороҳату хаста ҳис мекунед, чӣ тавр шаб дар назари шумо дуру дароз метобад? Мабодо Худо нахоста, хоб ба куллӣ аз шумо парида равад, чӣ кор карда метавонед? Хоб ҳам неъмати Худованд аст, пас, мебояд, ки шукргузори Холиқи худ бошем.
Рӯйхати оятҳои Сураи Наба «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «